Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҳаводиси олам: тӯфони маргбори Фаронса ва бархӯрди ҳавопаймоҳо дар Торонто

Дар як шабонарӯз дар олам садҳо ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки фавқулоддаанд. Бахусус, зимистони сарду пурбарф аллакай аз аввалин қурбониёнаш паём медиҳад. Яке аз он тӯфони сард Фаронса, ки одамон бар асари он ҳалок шуданд. Ё деворе дар варзишгоҳи Кувейт чаппа шудаву даҳҳо танро вақти бозӣ захмӣ кардааст.

Ва ин гуна рӯйдодҳо зиёданд. Чанде аз онҳоро интихоб кардаем, ки ҳоло мехонед.

AFP: Дар тӯфони “Элеанор” дар Фаронса се нафар ҷони худро аз даст доданд

Дар тӯфони “Элеонор” дар Фаронса ҳаддиақал се нафар кушта шуданд ва 26 тани дигар захм бардоштанд. Ин тӯфон шаби 3-уми январ рух додааст ва дар ин бора субҳи рӯзи 5-уми январ Agence France-Presse хабар дод.

Тибқи иттилои идораҳои обуҳавосанҷии ин кишвар рӯзи 5-уми январ  дар 25 департаменти Фаронса боди сарду шадид дар назар дошта шуда буд. Дар 18 департамент дар шарқ, шимол ва ҷанубу-ғарб ҳавои сарду тӯфонӣ пешгӯӣ мешуд. 

Мақомот ронандагонро аз лағзиши тарма дар роҳҳо ҳушдор дода буданд. Аксари роҳҳое, ки ба бӯстонсароҳои зимистона мебаранд, масдуд шудаанд. Аз баъзе истироҳатгоҳҳои ин манотиқ садҳо танро ба маконҳои амнтар ва бехатар интиқол дода буданд. 

Гуфтанист, ки зарфи се ҳафтаи охир "Элеанор" ин алакай чорумин тӯфонест, ки дар Фаронса рух медиҳад. 

Бархӯрди ду ҳавопаймо дар фурудгоҳи Торонто

Ду ҳавопаймо дар фурудгоҳи байналмилалии Торонто ба номи Лестер Пирсон ба ҳам бархӯрданд.

Мусофирон ба зудӣ ба макони амн интиқол ёфтанд ва хабар дода мешавад, ки касе аз ин бархӯрд захмӣ нашуд.  Дар ин бора муфассал дар  Twitterи фурудгоҳ иттилоъ дода шудааст.

Аз ширкати ҳавопаймоии WestJet хабар додаанд, ки тайёраи Боинг 737-800 бо 168 мусофир қарор буд аз Торонто ба Канкун парвоз кунад ва ҳангоми омодагӣ ба парвоз бо ҳавопаймои ширкати Sunwing бархӯрд.

WestJet ҳамчунин хабар дод, ки бар асари бархӯрд қанот ва думи ҳавопаймо зарар дидааст.

Тибқи хабари ширкати телевизионии CTV баъди ин садама дар дохили ҳавопаймои  Sunwing сӯхтор ба амал омад. Аммо хабаргузориҳо мегӯянд дар вақти бархӯрд ин тайёра одам надошт ва холӣ буд. 

Фавти ронандаи фирорӣ миёни ду девор аз сардӣ

Сокини шаҳри Милуокии иёлоти Висконсини ИМА вақте аз садамаи нақлиётӣ фирор кард ва худро пинҳон намуд, миёни ду девор аз сардии ҳаво ба ҳалокат расид.

Ин ронанда дар садамаи нақлиётӣ гунаҳгори асосӣ дониста мешуд.  Дар ин бора 40/29 News хабар дод.

Ронанда Марк Ҳандерсони 34-сола рӯзи 30-уми декабр чароғаки сурхро гузашт ва дар натиҷа чор мошин дар чорроҳа ба ҳам бархӯрданд. Барои раҳоӣ аз масъулият ва ҷавобгарӣ Ҳандесон ба қароре омад, ки аз ҷойи ҳодиса ғайб занад ва худро пинҳон созад. 

Ҷасади саршудаи вайро рӯзи дигар маъшуқааш пайдо кард. Дар хулосаи тиббӣ гуфта мешавад, ки ин мард баъди фирор аз макони ҳодиса миёни анбор ва девори он хобидаву аз сардӣ ҷон додааст. 

Наҷоти муҷизаосои як кӯдак аз ҳамлаи чор наҳанг

Писарбачае, ки дар соҳили ҷазираҳои Багам оббозӣ мекард, ба ҳамлаи ногаҳонии чор наҳанг рӯ ба рӯ шуд ва муъҷиза буд, ки беосеб аз ин хатар ҷонашро наҷот дод.

Ин даррандаҳои обиро ҳатто калонсолоне, ки дар атрроф гаштугузор мекарданд, надиданд. Онҳо ҳатто саргарми наворбардории оббозии писарбача надиданд, ки чӣ гуна чор наҳанг ба вай наздик мешаванд. Баъдан ин наворро дар саҳифаи иҷтимоии Youtube гузоштанд, ки то ин дам даҳҳо ҳазор нафар онро тамошо карданд.

Бино ба суханони Артём Ткаченко, ки ин наворро бардоштааст, вай ба писарбача фарёд задааст, ки фавран бояд аз об берун шавад. 

- Худоро шукр, ки вай сухани маро шунид ва гӯш доду аз об берун шуд,- иқтибос овардааст суханони Ткаченкоро Daily Mail.

Зикри ин нукта ҳам бомаврид аст, ки чуноне аз навор дида мешавад, наҳангҳо низ ба сӯйи писарбача чандон бошитоб намеомаданд. Шояд барояшон шарт набуд ба вай ба қасди расонидани осебе ҳамла кунанд. 

Мутахассисоне, ки наҳангҳоро меомӯзанд, мегӯянд тасаввурот дар бораи “наҳангҳои одамхӯр” аслан ғалат аст. Ҳар сол аз газидани сагон одамони бештар мефавтанд, то ин ки аз ҳамлаи наҳангон. Тибқи оморҳои расман ироашуда зарфи як сол наҳангон наздик ба 100 маротиба ба одамон дармеуфтанд ва танҳо 10 маротибаи он фоҷеавӣ ба поён мерасад. 

Олимон бар ин назаранд, ки баъзан наҳангҳо одмонро бо гурбаҳои баҳрӣ иштибоҳ мекунанд. Ва чун мебинад, ки одам аст, чандон талош ҳам намекунад ба вай наздик шавад.

Баъзан наҳнагон қаламрави таҳти назорати худро аз вуруди бегонагон ҳимоя мекунанд. Масалан, моҳи декабри соли гузашта бар асари ҳамлаи ин ҷонвари ваҳшии баҳрӣ як хонум дар Амрико ҳалок шуда буд.

барчасп: