Ҳушдори Кумита аз вазиши боди шадид дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон имрӯз, дуюми январ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд вазиши боди шадид дар назар аст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз меҳмонон ва сокинони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд. Тадбирҳои эҳтиётиро риоя намоянд, ҳангоми гузаштан аз зери сутунҳои эълону рекломҳо, биноҳои ноободу иншоотҳои хароб ботаваҷҷуҳ бошанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъзе қоидаҳоеро, ки ёрӣ мерасонанд ба вазъи ногувор наафтанд, бори дигар ёдрас мекунад:

- зарур аст аз иншоотҳои бодбонӣ (деворҳои муваққатии сохташуа аз оҳани тунук ва ғайра), сафедорҳои солманду қоматбаланд (шохаҳои пӯсидаи сафедор дар ҳолатҳое чун вазиши боди сарду шадид ҳассосанд),  бомҳои хонаҳо, ки устувор нестанд ва шамол қодир аст шефер ва бомҳои тунукагии хонаҳоро барканад, эзҳтиёт кунанд;

- ба соҳибони мошинҳо зарур аст мошинҳои худро дар ҷойҳое нигоҳ доранд, ки омилҳои хатари дар боло номбурдашуда набошанд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо суръати ҳаракатро боло набаранд, ҳатто дар ҳолатҳои зарурат ва вазиши сахти бод суръати мошинро поин баранд;

- бахусус, ҳангоми боди шадид тавсия дода намешавад, ки ба печҳои худ алов монанд, дуд метавонад вориди хона шавад, на ки берун равад ва ин худ як омили сар задани сӯхтор аст. Ҳарчанд кам, вале ин гуна сӯхторҳо ҳангоми боди сахт рух медиҳанд ва сабабгори расидани зараҳои ҷуброннопазир шуда метавонанд, зеро шуълаи оташ дар бом ва ё болохона ҳангоми шамоли сахт зудтар аланга мезанад.