Имрӯзи ҳаводиси олам: рӯйдодҳо, фоҷеаҳо

Бори аввал тайи ҳаддиақал ду даҳсолаи охир хабари пешгӯии заминларзаи марговар пахш мешавад. Инро олимони ҷопонӣ пешгӯӣ мекунанд ва макони онро ҷазираҳои Курил медонанд. Аммо дақиқияти фарзияҳои илмии худро аз 40 то 70 дарсад медонанд. Ва боз ин ки ин гуна такони замин зарфи 30 соли оянда рух медиҳад.

Хабари ҳангомабарангези имрӯз шояд ҳамин бошад, ки поинтар муфассал дар борааш ҳарф хоҳем зад.

Дар садамаи қатор дар ИМА шаш нафар ба ҳалокат расиданд

Дар суқути як қатори баландсуръат дар ИМА бештар аз сад нафар захмӣ шуданд ва шаш тан ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба иттилои CNN ин ҳодиса дирӯз, душанбе рух дод. Ҳоли чанд нафари дигар аз захмишудагон вазнин гузориш шудааст.

Ин қатор ба ширкати Amtrak мансуб будааст ва миёни шаҳрҳои Олимпия ва Лейквуди иёлоти Вашингтон ҳаракат мекард ва каме дуртар аз шаҳри Сиэтл ҳангоми гузаштан аз болои пул аз хати ҳаракат хориҷ шуд.

Вагонҳо ба роҳе сарозер шуданд, ки чанд шаҳри азими ИМА, аз ҷумла Сан-Диего, Лос-Анджелес ва Сиэтлро ба ҳам мепайваст. 

Мақомот мегӯянд дар айни замон 77 нафарро бистарӣ кардаанд ва шаш нафар ҷон доданд.

Бино ба хабари нашрияи  Seattle Times намояндаи пулиси музофот Пйерс хабар додааст, ки эҳтимолияти афзоиши садамаи мудҳиш зиёд аст. 

Дар тӯфон ва ярчи Филиппин наздик ба 30 нафар кушта шуданд

Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки дар ин тӯфони маргбор ҳаддиақал 27 тан ҷони худро аз даст доданд ва 24 нафари дигар бенишон гум шудаанд.

Бино ба гузориши хабаргузории Philippine News Agency бар асари ҳавои номусоид инфраструктураи ҷазираи Билиран хароб шудаву вайрониҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд.

Дар яке аз шаҳрҳои минтақа ду мактаб пурра вайрон шудааст, баъзе шаҳрҳои дигар дар муҳосира мондаанд. Дар бандарҳои Филиппин 11 ҳазор нафар аз марокизи шаҳрҳо ҷудо шудаанд. 

Рӯзи душанбе президенти ин кишвар  Родриго Дутерте аз маҳалли офат дидан кард.

Олимон заминларзаи шадед дар ҷазираҳои Курилро пешгӯӣ карданд

Комиссияи омӯзиши заминларзаҳо дар ҳукумати Ҷопон ба ин хулоса расид, ки дар ноҳияи шимолии ҷазираи Хоккайдо ва ҷазираҳои  Итуруп ва Шикотани Курил заминларзаи шадидтарин бо қувваи 8,8 бал интизор меравад.

Ин олимон мегӯянд заминларза метавонад тӯли 30 соли оянда рух диҳад. Дақиқияти ин фарзия 40% аст.

Тибқи арзёбиҳои илмии пешина заминларза бо қувваи 7,7 балл муддати 30 соли оянда рух медиҳад ва эҳтимолияти он 70 дарсад аст. Олимон бар ин назаранд, ки дар ин ноҳияҳо ҳар 27 сол як маротиба заминларзаи шадид ба вуҷуд меояд, ки харобиҳои зиёд ва талафоти ҷонӣ ба дунбол дорад. Чунончӣ, соли 1924 замин дар ин минтақа бо қувваи 7,6 бал ҷунбид, соли 1978 -7,2 балл ва соли 1993 7,5 балл. 

Аммо ҳоло ҳисоби олимон бар таҳлили маълумоти геологии қисмати ғарбии ҷазираҳои Хоккайдо қарор гиифтааст, гузориш медиҳад ширкати телевизионии NHK.  Бино ба шаҳодати таърих навоҳии галаҷазираҳои  Токати, Немуро, Шикотана ва Итурупа ҳар 350 сол як маротиба замин шадидан такон мехӯрад ва охирин маротиба беш аз 400 сол пеш ин гуна заминларзаи харобиовар рух дода будааст. 

 Гуфтанист, ки заминларза бо қувваи 9 бал дар қисмати шимолу шарқии Ҷопон соли 2011 рух дод, ки бар асари он қариб 20 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд. Беш аз 92% онҳо аз тӯфоне ҳалок шуданд, ки баъди заминларза ба вуҷуд омад.

 

барчасп: