Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Имрӯзи ҳолатҳои фавқулодда дар олам

Дар гӯшаву канори олам боз аз заминларзаҳо иттилоъ мерасад. Аз ҷумла, дар Индонезӣ бар асари такони замин одамон ҳалок шуданд ва хатари тӯфон афзуд. Заминларза дар соҳили халиҷ рух дод ва маъмулан ин гуна ларзишҳо тӯфондоранд, об туғён мекунад, хатар ба ҷони одамон меафзояд.

Ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодда ҳам натиҷаи кори яксолаи худро ҷамъбаст мекунанд. Хабар медиҳанд, ки ҷони чӣ миқдор одамонро наҷот додаанд.

Чан хабаре, ки ҳоло доред, асосан дар ҳамин мавзуъҳоянд.

Ба сокинони Индонезӣ баъди заминларзае, ки наздик ба 20 сония идома дошт, тавсия доданд, ки аз хонаҳои худ берун шаванд.

Дар соҳилҳои ҷазираи Ёваи Индонезӣ заминҷунбӣ бо қувваи 7,3 балл ба қайд гирифта шуд. Ин яке аз шадидтарин заминларзаи минтақа тайи чанд соли охир буд, хабар медиҳад Jakarta Globe.

Маркази заминларза дар 43 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Тасикмалай будааст.

Хабаргузориҳо ба нақл аз мақомоти расмӣ мегӯянд сокинон муддати ҳудудан 20 сония ларзиши шадиди заминро эҳсос карданд.

Заминҷунбӣ ҳатто дар пойтахти Индонезӣ шаҳри Ҷакарто низ ҳисс шуд. 

Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба сокинон тавсия доданд, ки муддате хонаҳои худро тарк кунанд. Ҳукумати маҳал мегӯяд маъмулан ин гуна заминларзаҳо дар соҳилҳо тӯфонҳои шадидро ба дунбол хоҳанд дошт.

Соате пеш мақомот дар хабари расмӣ эълон карданд, ки заминларза талафоти ҷониву хисороти молӣ ба дунбол дошт. Вале аз теъдоди ҳалокшудагон расман хабар дода нашудааст.

Дар ин хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки одамон аз хавфи тӯфони шадид ба баланкуҳҳо паноҳ мебаранд. 

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия мегӯяд шиҳобсанг дар Сочӣ науфтод

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабари расонаҳо дар мавриди афтиши шаҳобсанг дар Сочиро такзиб кард.

Рӯзи панҷшанбе дар шабакаҳоим иҷтимоӣ аз афтиши метеорит дар канораҳои Сочӣ хабар доданд. Корбарони Интернет навиштанд, ки садои даҳшатноки ба замин хӯрдани ҷирми осомониро аз Догомис то Полянаи сурх шунидаанд. Баъдан дар шабакаҳо навори видео низ нашр шуд, ки гӯё вақти афтиши шаҳобсанг сабт шудааст. Вале тайиди расмии ин хабар то бегоҳи рӯзи ҷумъа дастрас нашуд. 

Намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар минтақа ба пурсиши хабарнигорон иттилоъ дод, ки ин гуна хабари тайидшудаи расмӣ ба ин вазорати ворид нашудааст. 

Охири моҳи ноябр низ ҳамин гуна хабар ва навори видеоӣ дар шабакаҳои интернет нашр шуда буд, ки гӯё шоҳидон афтиши як ҷирми лундаи осмониро дар маркази вилояти Урал мушоҳида ва наворбардорӣ кардаанд. Аммо баъдан ин хабар низ расман такзиб шуд.

Зарфи 11 моҳ дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон ҳудудан 1000 нафар аз хатар наҷот ёфтаанд

Департаменти Ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Ҷомбули Қазоқистон хабар дод, ки зарфи 11 моҳи соли 2017 ба беш аз 4 ҳазор даъвати кумак посух гуфтаву 947 нафарро аз ҳар гуна хатарҳо наҷот додааст.  Ба 67 нафар кумаки аввалияи тиббӣ расондааст.

Ин хадамоти гуфтааст, ки бар асари роҳандозии корҳои пешгирикунанда теъдоди зарардидагон ва ҳалокшудагон бар асари ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ коҳиш ёфтааст. 

Гуфта мешавад, ки 98 дарсади ҳодисаҳои фавқулоддаи техногенӣ сӯхтор буд, аммо ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ се ҳиссаи ҳамаи ҳодисаҳоро ташкил медод. Аз сол ба соли дигар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ рӯ ба афзоиш меоранд.

барчасп: