Идомаи корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ дар Суғд

Бо ширкат дар ду барномаи телевизионӣ дар вилояти Суғд кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин вилоят мавзуъи омодагӣ ба зимистон ва чораҳои бехатарӣ, коҳиши хатари офатҳоро мавриди суҳбат қарор доданд.

Бо мақсади боло бурдани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ, дастрасии онҳо ба тавсияҳо оид ба таъмини бехатарии худ дар мавсими зимистон кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳама имкониятҳо ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ идома медиҳанд.   

Чунончӣ, ҳафтаи ҷорӣ кормандони Ситод дар барномаи мустақими телевизионии “Мусоҳиба”, ки аз ҷониби ширкати телевизионии “Симои мустақили 1” таҳия ва пахш мешавад ва баномаи “Ҳафта”-и телевизиони “Азия” ширкат намуданд.  

Ҳангоми суҳбат кормандони Ситод зикр намуданд, ки барои фаврӣ ба таваҷҷуҳи аҳолӣ расонидани вазъ изҳорот ва хабарҳои расмӣ, варақаҳои матбуотӣ ва дигар маводҳои иттилоотӣ бо ду забон истифода мешавад, ҳамчунин миёни аҳоли ҳар гуна дидору мулоқотҳо гузаронида мешаванд, корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд.

Ҳадафи роҳандозии ин гуна корҳо пеш аз ҳама  ешгирии ҳолатҳои фавқулодда, офатҳо ва коҳишҳи зарардидагон дар ҷараёни рух додани онҳо мебошад.