Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Садамаҳои маргбори ҳавопаймову чархбол, сӯхтори пурфоҷеа, инфиҷори хати интиқоли газ...

Олам пур аз аз ҳаводисест, ки инсонҳоро нигарон мекунанд. Ҷойе сӯхтор, ҷойе обхезӣ, ҷойи дигар ярчу тарма.

Ва боз суқути чархболу ҳавопаймоҳо ҷони одамонро мерабоянд, хатари ин гуна садамаҳои маргбор мудҳиштар аз дигар рӯйдодҳост.

Бахши имрӯзи хабарҳои оламро аз ҳамин суқути ҳавопаймо оғоз мекунем, суқуте, ки хушбахтона ҷони касеро аз миён набурдааст. Рӯйдоди нодир дар садамаи ҳавопаймоҳо. Аммо идомаи талошҳо барои берун кашидани чархболи суқудкарда дар Иркутск бахши дигарест, ки талафоти ҷонӣ дорад.

Суқути ҳавопаймо мулкӣ дар Канада

Ҳавопаймои ATR-42 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии  West Wind Aviation, ки 22 сарнишин ва 3 халабон дошт, каме дуртар аз нуқтаи  Фонд-дю-Лакви вилояти канадиёии Саскачеван суқут кард.

Ин рӯйдод рӯзи якшанбе баъди парвози ҳавопаймо аз фурудгоҳи Фонд-дю-Лакна дар масофаи як километр дуртар аз хати парвоз рух додааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, ки чанд тан захмт шудаанд, вале аз теъдоди дақиқи заррадидагон хабар дода намешавад. Ҳамчунин иттилоъе дар мавриди ҳалокати сарнишинони тайёра дар даст нест. 

Вазорати нақлиёти Канада ба тафтиши ҷузъиёти садама пардохтааст.

Чархболи суқуткарда дар оби яхбастаи Халиҷи Ангарро аз қаъри 65 метр боло мекашанд

Наҷотдиҳандагон дар вилояти Иркутск ба боло бардоштани чархболи суқуткардаи Eurocopter АМ-350, ки дар қаъри дарёи яхбастаи Ангар фурӯ рафтааст, омодагӣ мебинанд.

Дар ин бора аз раёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар минтақа ба хабаргузориҳо иттилоъ додаанд. 

Чархболи Eurocopter АМ-350, бо ду сарнишинаш 7-уми декабри соли равон аз Братск парвоз кард ва баъди чанд дақиқа иртибот бо он гум шуд. Аз охирин хабар пайдо буд, ки халабон бо кадом сабабе барои нишасти изтирорӣ дар болои ях тасмим гирифт. 

Бино ба маълумоти хадамоти матбуотӣ дар яхи Кочегари халиҷи Ангар, ки шикастапораҳои чархбол ёфт шуд, кормандони хадамоти наҷот дар қутри 200 метр  қаъри обро аз назар гузарониданд. Бо ёрии дастгоҳи зериобии FALCON ба наҷотдиҳандагон муяссар гардид, ки дар қаъри 65 метр чархболи пачақшударо якҷо бо ҷасади халабон пайдо кунанд.   

"Ҳоло ҳама чораҳои ибтидоии берун кашидани чархбол анҷом шудааст. Ғафсии ях дар маҳалли суқути чархбол 15-12 метр аст, аммо ҳоло барои рафъи мушкил корҳои дигар ҳам ба сомон расонида шуда, дар наздиктарин фурсат барои аз қаър ба боло овардани чархбол амалиёт шуруъ мешавад”,- хабар медиҳаи РИА Новости истинодан ба манобеъи худ. 

Кори берун кашидани чархбол тахминан то 10 соат тӯл мекашад. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҷасади халабон ёфт шудааст, аммо шарики вай ҳанӯз пайдо нест. Наҷотдиҳандагон 150 метр атрофро бо ёрии дастгоҳҳои махсус кофтаанд, вале бенатиҷа. 

Таркиши хати интиқола газ дар Австрия

Дар хати интиқоли гази замини федералии Австрияи Поёнӣ таркиш ба вуҷуд омад, ки бар асари он 60 нафар зарар диданд. Дар ин бора бунгоҳи хабарии  oe24 истинодан ба манбаъҳои пулиси минтақа хабар дод.

Аммо ширкати телевизионии ORF иттилоъ дод, ки дар таркиш як нафар ҷони худро аз даст дод.

Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, ки таркиш ба сони заминларза буд ва атрофиёнро сахт дар ҳарос андохт.

Ҳоло дар ҷои ҳодиса гуруҳҳои зиддисӯхтор фаъолият мекунанд ва чор мошини ёрии таъҷилӣ низ ӣ ба маҳалли ҳодиса эъзом шудааст. 

Ҳалокати се нафар дар сӯхтори Хабаровск
Бар асари оташсӯзӣ дар бинои бисёрошёна дар Хабаровск се нафар ҳалок шуданд.

Намояндаи ситоди фаврии ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст, ки ин се тан, ки аъзои баданашон зиёд сӯхта буд, ҳангоми интиқол ба бемористон дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷони худро аз даст доданд.

Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки майдони умумии сӯхтор 45 метри мураббаъро дар бар мегирифт.

Аз бинои сӯхта 18 нафар аз хатари марг наҷот дода шуданд. 

барчасп: