Дар Лахш омӯзиши интерактивии аҳолӣ барои офатҳои табиӣ баргузор шуд

Дар омӯзишҳои интерактивӣ дар ду рустои ноҳияи Лахш ҳудудан 500 нафар ширкат карданд. Ин омӯзишҳо бо мақсади бунёди системаи самаровари ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, ҳамчунин татбиқи вазифаҳои аз ҷониби Раиси КҲФ гузошташуда дар бораи роҳандозии мулоқотҳои иловагӣ бо мардуми маҳалҳо ба хотири фаҳмонидани корҳои пешигирикунанда  аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд.

Кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт якҷо бо созмони байналмилалии “Агроаксияи Олмон” дар қаламрави деҳаи Коштегирмон ҷамоати  Сартало ва рустои Мукури ҷамоати Лахш, ки дар минтақаи селхез ва ярч ҷойгиранд, дарсҳои итерактивӣ дар мавзуъи “Амал ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда ва чораҳо оид ба интиқоли аҳолӣ ба ҷойҳои амн" баргузор шуд. 

Бо кумаки созмони “Агроаксияи Олмон” ҳамчунин харитаи минтақаҳои хатарнок тартиб дода шуд ва дар он нуқтаҳои интиқоли аҳолӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани офати табиӣ низ нишон дода шудааст. Аҳолии ин минтақаҳо бо харита ошно карда шуданд. 

Ғайр аз ин ҳангоми омӯзиш дар рустои Коштегирмон ва Мукур  гуруҳи вокуниши сареъ аз ҷумлаи аҳолии ин деҳаҳо таъсис дода шуд, ки онҳо метавонанд то расидани наҷотбахшон вориди амал шаванд. Дар омӯзишҳо ин гуруҳҳо ба вазифаҳои аввалиндараҷаашон ошно карда шуданд. 

Ҳамзамон ба аҳолӣ дастурҳои методӣ тақсим карда шуданд, ки дар онҳо қоидаҳои амал ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда нишон дода шудаанд.

Гуфтанист, ки дар ин омӯзишҳо наздик ба 500 нафар ҷалб карда шуданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна дарсҳои омӯзишӣ дар дигар ноҳияҳои кишвар низ гузаронида хоҳанд шуд.