Савганди ҳарбии наваскарони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

8 – уми декабри соли 2017 дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наваскарони даъвати тирамоҳӣ савганд ёд карданд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода, прокурори гарнизони шаҳри Душанбе ва собиқадорон ширкат карданд.

Ҳамчунин маросими савгандкунии наваскаронро волидон ва пайвандону наздикони сарбозон тамошо карданд. Ҳамаи онҳо имкон доштанд бо базаи таълимиву моддии қисми ҳарбӣ, шароити маишӣ ва хизматии он аз наздик шинос шаванд. 

Бахши асосии маросимро Суруди миллӣ, ки оркестри ҳарбӣ иҷро кард, ба поён бурд.

Ба наваскарон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, генерал-лейтенант Рустам Назарзода  муроҷиат кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Имрӯз барои касоне, ки  савганди садоқат ёд карданд, рӯзи муҳим аст. Дар ҳама давру замон номи пуршарафи ҳимоятгари Ватанро фарзандони арзандаи кишвари азизамон бо худ доштанд. Бояд дар хотир дошт, ки суханоне, ки ҳоло шумо ба забон овардед, пеш аз ҳама волидон ва наздикон ва дӯстони шуморо бовар мекунонад, ки шумо ҳамеша омодаед Ватан ва онҳоро ҳимоя намоед. Аз ҳар саркашӣ аз Савганди ҳарбӣ шумо дар назди онҳо ҷавобгар хоҳед буд. Аз ин рӯ ба ҳамаи касоне, ки ҳоло дар ин саф қарор доранд, муроҷиат мекунам, ки хизмат барои ҳар кадоми шумо танҳо ҳисси ифтихор ва иҷрои бошарафонаи он дар назди Ватан ва қарзи Ватан буда бошад!”

Раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода низ дар ин маросим суханронӣ кард ва аз ҷумла гуфт: “Савганд ин оғози хизмати ҳарбист. Насли наврасро ба ин муносибат муборакбод мекунам. Аз ҳамин лаҳзаҳо шумо мардони ҳақиқиед. Бароятон шарафи хизмат ба Ватанро таманно дорам. Ман бовар дорам шумо сазовори он хоҳед буд, ки бошарафона анъанаҳои ҳарбии Ватанро идома медиҳед”.

Гуфтанист, ки муддати як моҳи охир наваскарон дарси омодагии ҳарбӣ омӯхтанд, ҳамчунин қоидаҳои сафороӣ ва тирандозиро аз худ карданд. 

Дар поёни маросими савганди ҳарбӣ Раиси Кумита афсарон ва сарбозоне, ки дар хизмат аз дигарон фарқ мекарданд, бо медалҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонид. 

Теги: варкаи матбуотӣ