Қаноатмандии генерал Назарзода аз сатҳи ҳамкориҳои Кумита бо Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташ бо соҳибмақоми Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард ва ба истифодаи имкониятҳо барои тақвияти ин ҳамкориҳо таъкид намуд.

30 – уми ноябри соли 2017 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон бо сарварии Ҳамоҳангсозии минтақавии ниҳоди мазкур дар Осиёи Марказӣ хонум Ясуко Одиро ба ҳузур пазируфт 

Масъалаи асосии рӯзномаи мулоқот баррасии ҳамкориҳои Кумита бо барномаи СММ, ҳамчунин тарҳрезии корҳои муштарак дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар доираи стратегияи Раёсати Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон барои солҳои 2017-2018 буд. 

Ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои расонидани кумак ба КҲФ дар омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар самти ҷамъоварӣ, таҳлили ахбор ва пешбиниӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ мавриди суҳбат қарор гирифт.

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сатҳи иртиботҳои дуҷониба бо сохторҳои зирабти СММ изҳори қаноатмандӣ кард ва ба истифодаи ҳама имкониятҳои мавҷуд барои ҳамкориҳои мутақобила таъкид намуд. 

Рустам Назарзода зикр кард, ки сохторҳои Кумита дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва тамринҳое, ки Раёсати СММ дар умури паноҳандагон созмон медиҳад, фаъолона ширкат мекунанд. 

Дар навбати худ Ясуко Ода аз қабули гарму ҳамкориҳои фаъолонаи Кумита изҳори хушӣ кард. Вай қайд намуд, ки дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳиме дар самти идораи хатари офатҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он роҳандозӣ шудааст.