Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Заминларзаи шадид дар Кирмоншоҳи Эрон ҳудудан 210 нафарро кушт

Заминларзаи шадиди то 7,3 балл бахшҳое аз Эрон ва Ироқро ларзонд ва бар асари он даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд, ҳазорҳо тани дигар захмӣ гаштанд.

Заминларза дар Сари Пули вилояти Кирмоншоҳи Эрон харобии бештар овардааст ва дар чанд вилояти дигар низ сабаби эҳсос ва ваҳшати сокинон шудааст.

Доктор Маҳдии Зореъ-узви ҳайати илмии пажуҳишгоҳи байналмилалии зилзилашуносӣ ва муҳандиси заминларза гуфтааст, ки ин зилзила шаби якшанбе, соати 21:49 дар сикилометрии шимолу ғарбии Сари Пули Заҳоб ва 32 километрии ҷанубу ғарбии Ҳалабча рух одааст. Ин заминларзаро ҳудуди 150 миллион сокинони марзии Эрону Ироқ эҳсос кардаанд.

Расонаҳои хабарии Эрон иттилоъ доданд, ки субҳи имрӯз бо ширкати Райиси ҷумҳури Эрон ҷаласаи вазирони масъул ва дастгоҳҳои имдодрасонӣ ба зилзилазадагони кишвар баргузор шудааст. Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари мазҳабии Эрон дастур додааст, ки ба манотиқи офатзада ва ҳоли мардуми зарардида фавран расидагӣ шавад.

Мақомот дар Кирмоншоҳ се рӯз азои умумӣ эълон кардаанд.

Расонаҳои хабарии Эрон охирин омори ҳалокшудагон дар устоди Кирмоншоҳро 207 нафар эълон кардаанд, ки 142 нафарашон дар Сари Пули Ваҳоб кушта шудаанд. Бино ба манобеъи расмӣ то ин лаҳзаҳо бештар аз 2 ҳазор нафар ба бемористонҳо интиқол ёфтаанд.

Аммо мақомот гуфтаанд, ки теъдоди захмиёну кушташудагон бештар аз ин аст ва он ҳоло пурра ҳисоб карда нашудааст.

Аббос Охундӣ-вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон гуфтааст, ки ҳамаи роҳҳо ва ҷодаҳои асосӣ барои расонидани кумакҳо ба зарардидагон бозанд ва имдодрасониҳои фаврӣ идома дорад. 

Заминларза ҳамчунин боиси даҳшату ваҳшат миёни мардуми шаҳри Бағдоди Ироқ шудааст.

барчасп: