Дар Малайзия моҳигирро тимсоҳ хӯрд

Сокини Малайзия қурбонии тимсоҳи одамхӯр шуд. Ин ҳайвони ваҳшии обӣ ба моҳигир замоне дауфтод, ки моҳӣ сайд мекард. Чанд соат баъдтар устухонҳои ӯро 7 километр дуртар дар қаламрави мамнуъгоҳ пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ки ин моҳигир рӯзи 5-ум аз маҳалли кораш воқеъ дар иёлоти Сабоҳ ғайб зад. Рафт, ки шабакаи моҳигириро дуруст кунад ва бо ҳамин дигар ба хона барнагашт. Шоҳидон хабар доданд, ки ӯро тимсоҳ ба комаш фурӯ бурд.

Муддати ду рӯз наҷотдишандагон бо ҳама восоили наҷот ӯро ҷустанд. Ва билохира устухонҳояш дар мамнуъгоҳ пайдо шуд.

Тибқи иттилои расмӣ аз соли 2010 то соли 2016 тимсоҳҳои 27 нафар сокинони Малайзияро ба коми худ кашидаанд. Аксар вақт тимсоҳҳои  теғадор ба ин одамон даруфтодаанд.

Тимсоҳи теғадор аз ҷумлаи калонтарин ҳайвонҳои ваҳшии обӣ дар олам аст. Наринаҳои ин навъи тимсоҳ то 7 метр дароз мешаванд ва метавонанд ду тонна вазн дошта бошанд

Бино ба хабари РИА “Новости” из ин пештар тимсоҳ рӯзноманигори 24-солаи  Financial Times дар Шри-Ланка хӯрда буд.

Тимсоҳ ба журналист ҳангоме ҳамла кард, ки вай дастонашро мешуст. Ин ҷавони британиёиро натавонистанд наҷот диҳанд, зеро тимсоҳи азимҷусса ӯро бо худ ба қаъри уқёнус бурда буд. Аммо баъди чанд соат ҷасади ӯро пайдо краданд.

барчасп: