Қирғизистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ҳудудан 900 миллион сом зарар дидааст

Мақомоти расмии Қирғизистон ҳаҷми зарари расида аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногениро  зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 896 миллиону 844 ҳазор сом эълон кардаанд.

Ҷонишини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар Калис Аҳмадов  гуфтааст, ки зарфи нуҳ моҳи соли равон дар Қирғизистон 318 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст ва зарари расида аз он 896 миллиону 844 ҳазор сомро ташкил дод. 

Соҳибмансаби ҳукумати Қирғизистон ҳамчунин гуфтааст, ки соли 2016 офатҳои табиӣ ба мамлакат 943 миллиону 525 ҳазор сом зарар оварда буданд, ки ин 4,7 дарсад бештар аз нуҳ моҳи соли ҷорӣ мебошад.  Аҳмадов ҳамчунин гуфтааст, ки аз моҳи январ то сентябри соли равон дар Қирғизистон 104 ҳодисаи лағзиши тарма, 67 ярч, 46 сел ба қайд гирифта шуда, 12 мавриб бодҳои харобиаовар ба мамлакат зарар расонидаанд.

барчасп: