Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Наҷоти зане, ки пас аз моҷарои хонаводагӣ мехост худкушӣ кунад

19 октябри соли 2017 наҷотдиҳандагони гуруҳи таъиноти махсус дар минтақаи Рашт зани 28-солаеро, ки худро мехост дар дарёи Сурхоб ғарқ кунад, наҷот доданд

Соати 10:13 хабари қасди худкушии ин зани ҷавон ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда расид. Шахсе, ки ин хабарро расонд, мегуфт, ки дар болои санги калоне дар миёни дарё як зан истодаву қасди худкушӣ дорад. 

Вақте наҷотбахшон омаданд, ин зани ҷавон таҳдид мекард, ки дар ҳолати ба  ӯ наздик шудани касе худро ба дарё ҳаво хоҳад дод. 

Баъди арзёбии вазъ наҷотбахшон бо зан дар гуфтугӯ шуданд ва аз ӯ хоҳиш карданд, ки аз ҷояш наҷунбад. Ҳамзамон бо ин кормандони Кумита аз Раёсати ВКД  дар минтақаи Рашт равоншинос даъват карданд. 

Бо талоши равоншинос ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муяссар шуд, ки зан ором шавад. Баъдан наҷотдиҳандагон занро ба заврақ шинонда ба соҳил оварданд. 

Аз суханони зан маълум шудааст, ки сабаби қасди худкушӣ карданаш моҷарои оилавӣ бо шавҳараш мебошад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия оид ба ин ҳодиса санҷиш гузаронида истодаанд.

 

барчасп: