Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Генерал Назарзода ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши СПАД вориди шаҳри Минск шуд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода  ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи даҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолтаҳои фавқулоддаи кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти Дастаҷамӣ (СПАД) вориди Минск шуд. 

Ширкат кунадагони ҷаласа ҷараёни татбиқи Нақшаи тамринҳо ва дигар чорабиниҳои муштарак оид ба коркарди ҳамкориҳо миёни кишварҳои узв дар соли 2017-ро баррасӣ мекунанд. 

Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масъалаҳо дар бораи натиҷаҳои иҷрои Қарори  Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, таҳияи лоиҳаи Нақшаи ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои вазорату идораҳои давлатҳои узви Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои  фавқулодда дар солҳои 2018-2020, оид ба таҳияи таҳрири нави Низомнома дар бораи тартиби вокуниши давлатҳои узви СПАД ба ҳолатҳои фавқулодда, ки бо Қарори Шӯрои СПАД аз 20-уми декабри соли 2011 тасдиқ шудааст ва рафти тасвиб ва иҷрои корҳои дохилидавлатӣ оид ба қарорҳои дар Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД қабулшуда гузошта шудааст.