Фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита дар поёни давраи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Имрӯз дар Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими супурдаи шаҳодатномаҳо ба фармондеҳон ва муовинони онҳо, ки дар курсҳои омӯзишӣ оид ба омодагии “Қувваҳои мудофиаи гражданӣ ва истифодаи неруҳо ва воситаҳо дар замони осоишта” баргузор шуд.

Дар ин як муддати басо кутоҳ кормандони Кумита донишҳо ва малакаҳои худро дар мавриди қабули саривақтии қарор ва тақсими дурусти воситаҳо барои бартарафсозии саривақтии ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ дар замони осоишта ва ҷангро такмил доданд. Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби мураббиён аз Академияи авиатсияи граждании ВҲФ Русия гузаронида шуд.

Дар маросими ёдшуда Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода  ширкат намуд. Зимни суханронӣ сарвари Кумита  ба мураббиён барои заҳамоташон изҳори сипос кард ва иброз дошт, ки ҳатман ин донишҳои омӯхташуда дар ҷараёни фаъолияти фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва муовинони онҳо дар тарҳрезиҳои фаврии ҳолатҳои фавқулодда ба кор хоҳад рафт. 

Давраи омӯзишӣ бар асоси Муоҳада миёни Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия  ва ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ оид ба расонидани кӯмакҳои методӣ роҳандозӣ шуда буд.