Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши офатҳо ҷамъбаст шуданд

Имрӯз маросими ифтитоҳи расмии намоиши таҷрибаҳои пешқадами КҲФ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои  коҳиши хатари офатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим машғуланд, доир шуд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Директори Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст ва сарвари Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ҷаноби Паоло Маттеи, роҳбарон ва намояндагони дигар созмонҳои байналмилалӣ аз ин намоиш дидан карданд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ки дар қаламрави кишвар бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Рушди СММ ва як қатор созмонҳои байналмилалии дигар баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Чунончӣ, 9-уми октябр ҷаласаи мутахассисони соҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд, ки роҳҳои арзёбии натиҷаҳои бадастомада ва шеваҳои бартараф намудани мушкилоти бавуҷудомадаро барарсӣ карданд. 

10-уми октябр “мизи мудаввар” оид ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо истифода аз системаи экологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим доир гардид.

 11-13-уми октябр тренинг оид ба масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо, сабабҳои ба вуҷуд омадани онҳо ва роҳҳои пешгирӣ баргузор шуд.   

13-уми окттябр ҷамъбасти ҳафтаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар тренинг оид ба идораи хатари сел бо истифода аз равишҳои ҳифзи табиат шуда гузашт.

Имрӯз маросими ифтитоҳи расмии намоиши таҷрибаҳои пешқадами КҲФ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои  коҳиши хатари офатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим машғуланд, доир шуд. 

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Директори Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян Харфст ва сарвари Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ҷаноби Паоло Маттеи, роҳбарон ва намояндагони дигар созмонҳои байналмилалӣ аз ин намоиш дидан карданд. 

Ҳадафи ҳамаи ин чорабиниҳо, ки дар мамлакат гузаронида шуданд, ба хотири боло бурдани сатҳи огоҳиҳои мардум ва бештар аз пештар афзудан ба донистаниҳо оид ба системаи экологии мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим, намоиши таҷрибаи пешқадам ва равишҳои амалие буданд, ки дар ин самт дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо таҳия шудаанд.