Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар вилояти Суғд

Бар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоънокии аҳолӣ кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар барномаи таҳлилии “Масъалаҳои муҳим дар ҷомеа” –и радиои вилоятӣ ширкат карданд.

Дар ин барнома ҳамчунин намояндаи “Тоҷикредмент” иштирок дошт.

Кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ба шунавандагони радио дар бораи  таърихи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офот ва ҳадафҳои он маълумот доданд. Ҳолатҳои фавқулодда зарфи нуҳ моҳи сипаришударо таҳлил карданд, дар мавриди корҳои анҷомшуда дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва ғайра суҳбат намуданд. 

Намояндаи  «Тоҷикредмет» ба шунавандагон оид ба масъалаҳои технологияи коркард ва нобудсозии партовҳои радиоактивӣ маълумот дод. 

Ин гуна чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар қаламрави вилоят гузаронида хоҳанд шуд ва рӯзи 13-уми октябр ҷамъбаст мегарданд.