Фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ба давраи шашрӯзаи омӯзишӣ ҷалб шуданд

Фармондеҳон ва муовинони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳролатҳои фавқулодда ахиран ба як давраи омӯзишии шарӯза ҷалб шуданд.

Бо мақсади татбиқи Муоҳадаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии  офатҳои табии Федератсияи Русия ва Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ оид ба расонидани кӯмакҳои методӣ, барои баланд бардоштани малакаҳо ва дониши кормандони КҲФ аз 9 то 14 октябри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ барои фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва муовинони онҳо баргузор мешавад. 

Давраи омӯзиширо муаллимони академияи ҳимояи граждании ВҲФ Русия оид ба самтҳои “Истифодаи неруҳо ва воситаҳо дар замони осоишта” мегузаронанд.

Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ ҷонишини Раиси Кумита Ҷ.Маҳмадзода бо изҳори ташаккур аз омӯзгорон ба муҳим будани ин омӯзиш таъкид кард ва гуфт, ки он имкон хоҳад дод донишу малакаи кормандон боло равад ва дар оянда барои самаранок иҷро намудани вазифаҳо кумаки амалӣ расонад.