Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои номусоид муҷиби резиши санг дар роҳҳои куҳӣ мешавад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои обуҳовосанҷон 4-уми октябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Шамол шиддат мегирад, дар як сония 17-22 метр мевазад, ҳавои боронӣ дар назар аст, дар баландиҳои бештар аз 2500 метр борон ба барф табдил меёбад. 

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор ва ҳушёру зирак бошанд. Бахусус, дар роҳандозии корҳои саҳро ботаваҷҷуҳ бошанд.

Дар ин рӯз аз ҷамъоварии ҳезум дар манотиқи куҳӣ ва рафтан ба шикоргоҳ ба қасди шикор худдорӣ кунанд. 

Ронандаҳо талош к\намоянд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ масофаи таъиншударо риоя намоянд, боло бурдани суръати ҳаракати мошин муҷиби садамаҳо шуда метавонад.

Ёдовар ҳам мешавем, ки бар асари боришоти шадид имкон дорад дар роҳҳо санг резад ва ин хатари ҳаракат дар роҳҳои мошингардро дучанд мекунад.