Шарҳи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оид ба вилояти Суғд мулоқоти ҳайати шахсӣ бо ёвари прокурори ҳарбии вилоят Қурбонзода Р. баргузор шуд.

Дар мулоқот масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо дар қонун  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва зуҳуроти манфии экстремизм ва терроризм дар ҷомеа баррасӣ шуд.  

Зимни суханронии худ Р.Қурбонзода моҳияти қонуни қабулшуда ва риояи бечунучарои он барои ҳамаи шаҳрвандон новобаста ба мансабу вазифаҳояшонро фаҳмонд. Ҳамчунин дар бораи ҷараёнҳои сиёсӣ ва динии экстремистӣ, талаботҳои қонунгузорӣ дар муқобила бо экстремизм ва терроризм, ҳисси масъулият барои ширкат дар фаъолиятҳои террористиву экстремистӣ нақл кард.

Ёвари прокурор қайд кард, ки дар айни замон масъалаи мушкил ин паҳн намудани маводҳои экстремистӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет, муқобилияти иттилоотии густариши радикализм ва экстремизм дар миёни ҷавонон ба шумор меравад.   

Дар поёни мулоқот роҳбарони Ситод ба ёвари прокурори вилоят барои суҳбати пурмуҳтавояш изҳори миннатдорӣ намуданд.