Суҳбат аз боби мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодда

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласа дар мавзуъи “Чораҳои муқовимат бо гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, дар бораи фаъолиятҳои собиқ Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ва манбаъҳои маблағгузории он” баргузор шуд, ки дар он намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишвар ҳузур доштанд.

Намояндагон изҳор доштанд, ки экстремизми динӣ зуҳуротест, ки метавонад зери таъсири қувваҳои берунаву бегона нуфуз кунад. Дар замони муосир экстремизм бо ёрии шабакаҳои интернет имкониятҳои бештари густариш додани идеологияи бунёдгароии худ дар сар то сари олам дорад. 

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии барномаҳои байналмилалии мубориза бо фаъолиятҳои экстремистӣ ва идеологӣ мебошад. 

Дар ҷараёни баррасии мавзуъ масоъили низоми амал ҳангоми таҳдидҳои экстремизми динӣ ва терроризм, фош намудан ва пешгирии таъсири ин гуна ташкилотҳо ба мафкураи насли наврас мавриди суҳбат қарор гирифтанд. 

Дар поёни нишаст ба иштирокчиён филм дар бораи ҳизби мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон намоиш дода шуд.