Баҳси танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ситоди душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар мулоқоти бо ҷонишини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаруҳуллои Кароматулло, ки ахиран баргузор шуд, кормандони Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба як силсила саволҳои худ посухҳои мантиқӣ ва қонунӣ пайдо карданд.

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот бо ҷонишини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаруҳуллои Кароматулло баргузор шуд, ки дар ҷараёни он табодули афкори муҳиму судманд оид ба татбиқи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. 

Сардори Ситод полковник Р.Неъматзода дар суханони муқаддамотии худ иброз дошт, ки қабули чунин як қонун ғамахорӣ ба сокинони кишвар аст, то аз сарфу хароҷоти беҳуда бипарҳезанд ва дар доираи як танзиме ҷашну маъракаҳои худро баргузор созанд, ки ба рӯзгорашон зарари моддӣ нарасонад.

 Вай ҳамчун дар мавриди арзишҳои миллӣ ва бахусус парҳез аз пӯшишҳои бегона ба таомули миллӣ ва боло гузоштани анъанаҳои либоспӯшии миллӣ ҳарф зад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқотҳои ахири худ бо сокинони кишвар ба ҳамин нуктаҳо таъкид мекард ва бори дигар боварамон зиёд шуд, ки роҳи пешгирифта дар мавриди соддатар кардани тӯйю маъракаҳо дуруст ва ба манфиати мардуми кишвар аст”,- гуфт ӯ. 

Дар поёни мулоқот ширкаткунандагон ба як силсила саволҳои худ дар ин маврид посухҳо дарёфт намуданд.