Табибони бемористони ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда равишҳои тозаи кӯмакрасониро меомӯзанд

Зумрае аз кормандони бемористони ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бар як давраи омӯзишии расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагони офоти табиӣ ҷалб шуданд.

Афзоиши офатҳои табиӣ дар ин чанд соли охир водор мекунад, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз пештар омӯзиш бинанд ва худро ба ҳар ҳолати фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он омода созанд. 

Бо дарназардошти ин аз 18 то 22-уми сентябри соли равон кормандони Биемористони ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба як давраи омӯзишии расонидани кӯмакҳои аввалия ба зарардидагон бар асари ҳолатҳои фавқулодда, садамаҳо ва фоҷеаҳо ҷалб шудаанд. 

Дар ин омӯзишҳо малакаҳои расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ ҳангоми маҷруҳ, захмӣ шудани одамон, садама дидан, хунравӣ, заҳролуд шуданро такмил медиҳанд.

Ҳамчунин бо равишҳои додани нафаси сунъӣ бештар ошно мешаванд, амалан усулҳои  интиқоли бехатари ҷабрдидагонро аз худ мекунанд. Дар дарсҳои амалӣ бошад ин донишҳои андӯхтаро тамрин менамоянд. 

Ин давраи омӯзишӣ бо дастгирии Сафарати ИМА дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.