Ирсоли 62 хулосаи таҳлилии озмоишгоҳи кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба вазорату идораҳои дахлдор

Зарфи як сол дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон зиёда аз 80 тонна маводи кимиёвии заҳрнок бастабандӣ ва дар партовгоҳ зери хок карда шуд.

Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар ҳолати омодагии доимии техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои муҳифизати радиатсионӣ-кимиёвӣ, назорати сифати нигаҳдории онҳо, гузаронидани кашфи кимиёвӣ ва радиатсионӣ дар манотиқи осебдида, иштирок дар рафти садамаҳо, фалокатҳо, офатҳо ва ҳолатҳои фавқулоддаи дигар, инчунин оқибати онҳо дар иншооти осебпазире, ки маводи сахттаъсири зараровар ва радиоактивиро истифода, истеҳсол, нигаҳдорӣ ва интиқол медиҳад, таъсис шудааст.
Мутахассисони озмоишгоҳ муштаракан бо низомиёни қисми ҳарбии 45489 кори безараргардонии минтақаро дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба анҷом расонида, зиёда аз 80 тонна маводи кимиёвии заҳрнокро бастабандӣ ва дар партовгоҳ зери хок намуданд.
Озмоишгоҳ дорои мошини махсуси кашфи радиатсионӣ ва кимиёвӣмебошад, ки бо асбобу олоти муосир муҷаҳҳаз аст. Ин мошин имкон дорад басо таъҷилан ба ба маҳалли садама равад ва корҳои иктишофиву наҷотро ба роҳ монад. Ҳамзамон барои гузаронидани мониторинги радиатсионӣ ва кимиёвии биноҳо ва иншоот аз ин мошин метавон пурсамар истифода кард.
Гуфтанист, ки солҳои 2014-2016 озмоишгоҳи кимиёвӣ-радиометрӣ  ҳолати воситаҳои кашфи инфиродӣ, асбобҳои кашфи кимиёвӣ ва радиатсионии вазоратҳо ва идораҳои ҷумҳуриро санҷида, 62 хулосаи озмоишгоҳӣ таҳия кардааст.