Белорусҳо мошинҳои нави зидди сӯхтор ва наҷоти худро дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муаррифӣ карданд

Намояндагони азимтрин ширкатҳои мошинолоти Белорус бо муаррифии техникаи зидди сӯхтор ва наҷот хостанд таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба тавлидоти худ ҷалб кунанд. 

Имрӯз бо ташаббуси Сафорати Белорус дар Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо намояндагони калонтарин корхонаҳои тавлидкунандаи техникаи зидди сӯхтор ва наҷоти Белорус баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Белорус техникаеро муаррифӣ кард, ки Иттиҳодияи “Корхонаи мошинсозии Минск”, Ҷмъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “ПОЖСНАБ” ва Ҳолдинги “АМКОДОР” истеҳсол мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ин корхонаҳо бузургтарин корхонаҳои тавлиди техникаи вижа дар Белорус ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор мераванд.
Намояндагон ин корхонаҳо изҳори омодагии расонидани техникаи тавлидии худ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда карданд.