Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз вазиши боди сарду шадид дар рӯзҳои 14-15-уми июл

Ба дунболи гармои шадид боди сарду сахт баъзе аз қисматҳои кишварро ба гирдоби як тӯфони пурчангу ғубор хоҳад печид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граджании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон  сокинон ва меҳмонони кишварро аз вазиши боди шадид ҳушдор медиҳад.

Бино ба маълумоти манбаъи ёдшуда рӯзҳои 14-15-уми июли соли равон дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон, ҳамчунин дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди сарду сахт мевазад, ки суръати он дар ҳар сония аз 13 то 18 метр аст. Бар асари ин бод тӯфони сахт бо чангу ғубор ба ҳаво мехезад. 

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои баландкуҳ гармии ҳаво ҳифз мешавад ва барфҳо ва пиряхҳо об мешаванд, дар натиҷа хатари омадани сел, сангрезиш ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрванддон хоҳиш мекунад хеле ботаваҷҷуҳ бошанд, ҳангоми убур аз роҳҳои куҳӣ ва хатарзо эҳтиёткор шаванд. Муҳим аст, ки дар ин рӯзҳо кӯдакон беназорат намонанд, бахусус ҳузури онҳо дар соҳили рӯдхонаву ҳавзҳои оббозӣ зери назорати шадид қарор гирад. 

Агар ҳангоми боди шадид дар кӯча бошед, маслиҳат аст, ки зуд худро дар таҳхонаву даромадгоҳи хонаҳо пинҳон созед. Маслиҳат нест, ки аз боди сахт паси деворҳои хонаҳо паноҳ баред, зеро эҳтимол меравад аз бомҳо шифер ва болопӯши дигар ба замин фуруд ояд, ки ин ба ҷони инсонҳо хатар хоҳад дошт.

Ҳамчуни маслиҳат аст, ки ҳангоми гузар аз роҳҳои мошингард боэҳтиёт бошед ва талош кунед аз зери симчӯбҳои интиқооли барқ ва пояҳои реклом, ҳамчунин биноҳои навсохт ва ё сохтмонашон мутаваққифшуда нагузаред. 

Зери симчӯбҳои интиқоли барқ будан низ хатар дорад.

Аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш мекунем дар ҳоли мушоҳида кардани ҳолатҳои фавқулодда аз тариқи телефон “112” дар иртибот шавед.