Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 138 нафар сокинони зарардидаи ноҳияи Дарвоз

Яксаду сивуҳашт нафар сокинони аз сел зарардидаи ноҳияи Дарвоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори бештар аз 9 тонна маводи ғизоӣ дарёфт карданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 138 нафар сокинони деҳаи  Хостави ҷамоати  деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз, ки рӯзи 8-уми июли соли равон бар асари  омадани сел зарар дида буданд, ба миқдори 9 тонна маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла 4 тоннаву 400 кило орд, 660 кило равғани рутанӣ, 550 кило биринҷ, 550 кило нахӯд, 550 кило шакар, 550 кило ярмаи марҷумак, инчунин 66 бастаи  молҳои  хоҷагии талаботи ҳаррӯза ва 110 бастаи маводи ғизоӣ ирсол намуд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт маводи ҷудошударо ба ноҳияи Дарвоз интиқол дода, миёни зарардидагон тақсим намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки 8 – уми июли соли 2017 дар рустои Хостав, ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз бар асари омадани сели азим 19 хонаи истиқоматӣ зери об монд. Ҳудудан 800 метр роҳ дар 319 километраи шоҳрои Душанбе-Хоруғ низ зери об монд, ҳаракати мошинҳо ба ду самт муваққатан мутаваққиф гардида буд.