Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолияти нимсолаи худро ҷамъбаст кард

8 – уми июли соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи Коллегия оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2017 баргузор шуд. 

Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарои мақомоти ҳудудӣ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ширкат карданд. 

Дар рӯзнома ду масъала – ҷараёни иҷрои Протоколи ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2017, ҳамчунин масъалаҳои вазъи интизоми ҳарбӣ дар неруҳои мудофиаи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Оид ба масъалаи аввал мовини Раиси Кумита, полковник М. Салимзода ва сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд полковник Д.Камолов суханронӣ намуданд. Ҳамчунин ҳисоботи сардорони ситодҳои  ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, сарварони ситодҳои як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шунида шуданд. 

Дар масъалаи фаъолияти қисмҳои низомии мудофиаи гражданӣ сардори Раёсати неруҳои Кумита, полковник Ю.Сафаров баромад кард. Ба масъалаҳои омодагии ҳарбии қисмҳо, фаъолияти ҳамарӯзии неруҳо, таъминоти ақибгоҳ, истифода, ҳифз ва таъмири техникаи ҳарбӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, ташкили шароит барои хизмати хизматчиёни ҳарбӣ диққати асосӣ равона карда шуд. 

Баъдан ҳисоботи фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита, ҷонишини сардори раёсат оид ба корҳои тарбиявӣ шунида шуданд. Оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. 

Бар асоси ҳисоботҳо ва маърӯзаҳои шунидашуда Коллегия қарор дар бораи фаъол намудани корҳо оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда қабул кард.