Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Гармои то 43 дараҷа метавонад хатарҳое ба дунбол дошта бошад

Панҷ рӯзи гарми оянда, ки дар назар аст ҳарорати ҳаво то 43 дараҷа боло равад, барфу пиряхҳо об мешаванд, оби рӯдхонаҳо афзун гашта, хатари омадани сел ва резиши сангреза меафзояд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад, ки аз 6-ум то 10-уми июли соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму хушк ҳифз мешавад. Ҳадди ниҳоии ҳарорати ҳаво то 43 дараҷа боло меравад.
Баланд шудани ҳарорати ҳаво маъмулан ба обшавии барфу пиряхҳо сабаб мешавад, дар натиҷа оби рӯдхонаҳо меафзояд ва эҳтимол меравад дар баъзе манотиқ муҷиби омадани сел ва сангрезиш ҳам шавад.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус дар ҳолатҳои истифода аз роҳҳоим куҳӣ, будубош дар соҳили рӯдхонаву обанбор ва ҳавзҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд. 

Ҳамчунин Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад бо мақсади риояи бехатарӣ тибқи ин тавсияҳо амал кунанд: 

Талош кунед зери шуъои офтоб камтар бошед ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатратонро фаромӯш насозед.;

Бештар об истеъмол кунед;

Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пирон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд;

Дар роҳҳо бодиққат бошед, чун маъмулан дар гармои шадид саломатӣ метавонад бад шавад;

Ва билохира: ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатарии будубош дар назди рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро риоя намоед;

Дар ҳоли пеш омадани ҳодисае аз тариқи телефони 223-13-11 ва ё 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар диҳед!