Сел ва бодҳои тӯфонӣ сокинони баъзе манотиқи кишварро такон доданд

Боронҳои шадиди селовар, бодҳои тӯфонӣ, лойобаву сангрезиш бори дигар дар баъзе манотиқи кишвар сокинонро ба изтироб овард. Баъзе хонаводаҳои зарар диданд, дар манотиқи дигар ҳаракати мошинҳоро ба самти ноҳия муддате мутаваққиф кард. Зарари расида ҳисоб мешавад, ба зарардидагон кӯмак мерасад. Ситодҳои муштарак шабонарӯзӣ фаъоланд.

Боронҳои шадид бо бодҳои тӯфонӣ ва жолаи рӯзи 4-уми июли соли 2017  дар баъзе ноҳияҳои кишвар осеби ҷузъӣ расонд.
Тибқи маълумоти пешакӣ бар асари офати табиӣ, омадани сел дар деҳаи Усмон, ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ 15 хона қисман зарар диданд. Дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара бошад офат ба 5 хонаи сокинони маҳаллӣ  қисман зарар овард. 

Ҳамчунин сел дар баъзе аз деҳаҳои ноҳияи Рашт ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи офати табиӣ дар шаҳраки Ғарм як хона вайрон шуд. Бо мақсади таъмини бехатарӣ аҳолии ин минтақаи хатарзо ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. 

Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт.

Боронҳои шадид муҷиби омадани сел дар деҳаи Янгишаҳри ҷамоати Қашқатераки  ноҳияи Лахш шуданд. Лойи шурут қитъаи наздиҳавлигиро пурра пӯшонид, як иншооти ёрирасон қисман зарар дид, лойоба ва сангрезиш сабабгори баста шудани 150 метр роҳи мошингард ба самти маркази ноҳия шуд. 

Барои тоза кардани роҳ техникаи вижа истифода гардид ва ҳоло ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа аз сар гирифта шудааст.

Барои муайян карддани ҳаҷми зарари расида дар маҳалҳо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ба фаъолият пардохтааст. Ситодҳои муштарак созмон дода шудаанд, ки шабонарӯзӣ кор мекунанд.

Дар айни замон корҳо барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.