Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Русия, таҳдиди вабо дар Яман... Хулосаи хабарҳои рӯз дар олам

Дар Яман 101 ҳазору 820 нафар мубталоёни бемории вабо ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба хабарҳои расмӣ вабо то имрӯз 789 нафар сокинони ин кишварро куштааст.

Вабо аз охири моҳи апрели соли равон дар Яман рӯ ба афзоиш овард. Дар Санъо-пойтахти ин кишвар ҳолати фавқулодда эълон шудааст.
Вазорати тандурустии Яман мегӯяд авалин мубталоёни ба ин бемории марговар ҳанӯз се сол пеш ба қайд гирифта шуда буданд. Гуфта мешавад, ки дар айни замон дар 19 вилояти ин кишвар мубталоён ба вабо сабти ном шудаанд. 

Сабаби авҷи беморӣ даргириҳои дохилии кишвар унвон мешавад, ки вазъи иҷтимоӣ-иқтисодиро ба мушкил рӯ ба рӯ кардаву садҳо рустову шаҳрҳоро ба харобӣ расондааст.

Муддати бешштар аз се сол аст, ки давлати ин кишвар бо ҷуддоихоҳон аз гуруҳи ҳусиёни Зайдии Яман даргир аст ва то кунун бар асари ҷангҳои шадид ҳазорон нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Кӯчаҳои Симфереполро сел пахш кард

Селе, ки бар асари борони шадид омад, бахше аз роҳи оҳан ва кӯчаҳои шаҳри Симферополи Русияро зери об мононд.

РИА Новости аз қавли шаҳрдории Симферопол хабар додааст, ки таҳдиди сел ба поён расид, он харобиовар набуд. Баъзе кӯчаҳо ва хоҷагиҳои алоҳида зарар диданд. Ҳоло сатҳи он поин шудаву кӯчаҳо аз лою сангу хок тоза карда мешаванд. 

Манбаъ гуфтааст, ки саристгоҳи роҳи оҳан дар минтақаи селхез ҷойгир аст ва ҳар сол ин таҳидид каму беш вуҷуд дошт. Вале ҳоло қисматҳои бештари он зери об мондаву зарар дидааст. Аммо ин офати табиӣ қурбонӣ надошт. 

Лағви беш аз 400 павози ҳавопаймоҳо дар Шонҳой бар асари боронҳои пуршиддат

Рӯзи гузашта, 11-уми май China aviation dail аз лағви парвози бештар аз 400 ҳавопаймо дар ду фурудгоҳи бузурги Шонҳой хабар дод. Иллати ин тасмим боронҳои пуршиддат унвон шуд. 

Илова ба лағви парвозҳо парвози беш аз 200 ҳавопаймо аз 2 то 4 соат ба таъхир андохта шуд. 

Мақомоти Шонҳой гуфтаанд, ки парвозҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз рӯйдодҳои нохӯш боздошта шудаанд.

Сатҳи оби рӯдхонаи Камчатка ба ҳадде боло рафтааст, ки мақомоти банги изтироб мезананд.

Дирӯз, 11-уми июн Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод, ки тибқи иттилои Раёсати обу ҳавосанҷӣ ва мониторинги Камчатка дар нимаи аввали рӯзи 12-уми июн сатҳи об дар минтақаи хоҷагии рафиқонаи “Черёмушка метавонад 640 см боло хезад. Эҳтимоли аз эътидол хориҷ шудани оби дарё вуҷуд дорад. Хуруҷи об аз соҳилҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва манзили мардум таҳдид мекунад. 

Вазорат ҳолатҳои фвқулодда ба сокинони Камчатка тавсия додааст, ки ду рӯзи оянда ба соҳили дарё нараванд ва аз убури он бо мошинҳо худдорӣ кунанд. 

барчасп: