Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармои шадиди рӯзҳои 12-15-уми май ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 12 то 15-уми майи соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ болоравии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар ин рӯзҳо то бештар аз 40 дараҷа гарм мешавад.
Болоравии ҳарорати ҳаво дар баландкуҳҳо боиси об шудани барф, пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳо мешавад. Ин метавонад муҷиби омадани сел, обхезӣ ва сангрезиш шавад.

Дар ҳамин иртибот аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунем дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус, ҳангоми истифода аз роҳҳои куҳӣ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд. 

Ҳамчунин ба хотири бехатарӣ аз гармои шадид лозим меояд аз ин чанд тавсия кор гиранд:

1. Бе зарурат дар ҳоли шиддати гармо, бахусус аз соати 13 то 16 ба кӯча набароянд. Ва агар ба ҳар ҳол зарурате пеш омад, ки бояд ба кӯча бароянд, пас либоси оддиву равшан аз матоъи табиӣ, дар сар каллапӯши сабук пӯшанд. Ҳатман талош кунанд то дар даст зарфе бо оби бегаз дошт абошанд. Дар кӯча хуб мешавад агар дар соя раванд ва сари чанд вақт ба мағозаву дӯконҳое, ки ҳавополо доранд, дароянд. 

2. Барои ҳимояи бадан аз гармо зарур аст бештар об нӯшанд, ҳатто на камтар аз 1,5-3литр об дар як рӯз.

3. Дар ин рӯзҳо тавсия дода намешавад, ки машрубот истеъмол кунанд, аз ҷумла нӯшидани оби ҷав (пиво), ҳамчунин нӯшокиҳои газноки ширин, ки на танҳо ташнагиро намешикананд,  балки равандҳои табодул дар организмро суст мекунанд, тавсия дода намешавад. 

4. Истеъмоли ғизои сабук, аз ҷумла мева, сабзиҷот, мурғ ва моҳии обпаз, шӯрбо ва чолоби сард ба манфиат аст. Дар ин рӯзҳо хуб мешавад агар аз истеъмоли таомҳои равғанӣ, дар рӯған таф додашуда ва ширин даст кашанд. 

5. Дар авҷи гармӣ аз корҳои ҷисмонӣ даст кашанд ва ё ҳаддиақал маҳдуд кунанд.

5. Дар утоқҳое, ки ҳавополо даранд, тавсия дода намешавад, ки ҳароратро аз 22-23 дараҷа гамӣ поин баранд. 

6. Дар рӯзҳои гарм ба тифлон бештар бояд эътибори ҷиддӣ дод. Бадани атфол ба гармову сармо хеле ҳассосанд, аз ин рӯ калонсолонро лозим меояд дар ҳақи онҳо ғамхорӣ кунанд. 

7. Ва махсусан дар ин рӯзҳо дар маҳалҳои истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бошанд. Қоидаҳои бехатариро дар ҳавзҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо ва шаршараҳо риоя кунанд.