Замин дар қаламрави Тоҷикистон бори панҷум такон хӯрд

Субҳи имрӯз зилзила бо қувваи 3-4 балл шаҳри Душанберо бори дигар такон дод. Зарфи се рӯзи охир ин ин паҷумин бор аст, ки дар қаламрави кишвар замин меларзад.
Бино ба гузориши Маркази зилзиласанҷии кишвар маркази ин заминҷунбӣ дар 265-умин километр самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон буд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 бал буд.
То ин лаҳзаҳо дар бораи хисорат ва талафоти ҷонӣ хабар дода нашудааст.
Хабаргузориҳои Қирғизистон истинодан ба манбаъҳои худ дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар хабар додаанд, ки заминларзаи субҳи имрӯзро сокинони рустоҳои Қарамиқ, Қара-Тейит ва Алға Ҷони ноҳияи Олтой бештар аз манотиқи дигар эҳсос кардаанд. Дар ноҳияи мазкур қувваи заминҷунбӣ 6-6,5 балл, дар шаҳри Боткент 4-4,5  дар Уш 3 баллро ташкил дод.
Аз хисорат ва талафоти ҷонӣ гузориш дода намешавад.