Сели азиму лағзиши хок 61 нафар сокинони як русто дар Лахшро бесарпаноҳ гузошт

Бар асари боронҳои шадид ва омодани селу лағзиши хок 6 хонаи истиқоматӣ, шаш иншооти ёрирасон дар рустои Шилбили ҷамоати Сурхоби ноҳияи Лахш пурра хароб ва 61 нафар аз хонаву кошонаи худ маҳрум шуданд.
Ин борони шадид рӯзи 22-уми апрел боридаву якҷо бо сангрезаҳо лойу хоки азимро болои хонаҳои мардуми деҳа сарозер кард.
Дар айни замон масъалаи ба зарардидагон ҷудо кардани қитъаи замин аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ  баррасӣ мешавад, ба зарардидагон маводи ғизоӣ ва ба қадри имкон ашёи ниёзи аввал тақсим карда шуд.
Офати табиӣ 7 сар чорвои калон ва 48 сар моли майдаро нобуд сохт.
Дар ҷойи ҳодиса гуруҳи фаврии КҲФ ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Лахш фаъолият доранд. Ҳамаи воситаву имкониятҳои мумкин барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ба кор бурда шуданд. Комиссияи ҳолтаҳои фавқулодда зарари расидаро арзёбӣ мекунад.
Вазъ зери назорати доимӣ қарор дорад ва Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар минтақа шабонарӯзӣ фаъол аст. Дар маҳалҳо чораҳои эҳтимолии кӯч додани одамон ба маконҳои амн дар ҳоли сар задани офатҳо тамрин мешавад, чораҳои амниятии эмин нигоҳ доштани одамон, молу амвол ва хонаву дари онҳо андешида мешаванд, сатҳи оби рӯдхонаҳо ҳар лаҳза чен карда шуда, маълуоти он ба Ситодҳо ирсол мегардад.