Идомаи корҳои соҳилбандӣ дар вилояти Хатлон

Бар асоси дастури Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои соҳилбандӣ 345 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 135 ҳазор метр тури арматурӣ ва беш аз 1020 тонна семент ва 30 тонна арматур ҷудо карда шудааст

Бо мақсади роҳандозии корҳои пешгирӣ ва чорабиниҳои зидди ғарқшавӣ дар об, ҳимояи аҳолӣ ва иншоотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳамчунин пешгирӣ ва бартарафсозии саривақтии оқибатҳои офатҳои табиии эҳтимолӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Панҷ, Бохтари вилояти Хатлон корҳои соҳилбандӣ идома доранд.

Манотиқи ҳассос дар соҳилҳои рӯдхонаҳои Тебалай, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ вуҷуд доранд.  

Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ ба теъдоди зиёд техникаи вазнини махсус ҷалб шудааст. Ситоди фаврӣ таъсис ёфта, аъзои он шабонарӯз фаъолият мекунанд ва ҷараёни соҳилбандиро зери назорат мегиранд. Корҳои таҳкими соҳилҳо низ шабонарӯз бо ҷалб ва мусодати мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияҳо якҷо бо Раёсати мелиоратсия ва обёрӣ ва Ситоди КҲФ дар вилояти Хатлон амалӣ мешавад.   

Гуфтанист, ки корҳои соҳилбандӣ бевосита зери назорати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳ монда шудааст.

Чораҳои дигари алоқаманд ба ин гуна фаъолиятҳо ин роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мебошад. Бо ин мақсад кормандони КҲФ  дар ҷойҳо дар мулоқот бо мардум онҳоро аз хатарҳои ногаҳонӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз офатҳо огоҳ месозанд. Ҳадаф омӯзиш додани одамон ва омода кардани онҳо дар ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда, аз ҷумла омадани сел, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, лағзиши замин, тарма ва ғайра мебошад. Кормандони Кумита на танҳо суҳбатҳо мегузаронанд, балки баъзе шеваҳои наҷоти зарардидагонро меомӯзонанд ва ба одамон варақаҳову китобчаҳои дастурӣ тақсим мекунанд. 

Ҳамчунин, бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ ва бо усули ҳашар ба таври ҳамешагӣ соҳилҳо аз партовҳо тоза карда мешаванд. 

Маврид ба зикр аст, ки бар асоси дастури Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои соҳилбандӣ 345 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 135 ҳазор метр тури арматурӣ ва беш аз 1020 тонна семент ва 30 тонна арматур ҷудо карда шудааст.