Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натиҷаи фаъолияти семоҳаи худро ҷамъбаст намуд

Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳа таваҷҷуҳи роҳбарони воҳидҳои Кумитаро ба омодагии саривақтӣ ва касбӣ ба вокуниш ба лағзиши эҳтимолии тарма, омадани сел, сангрезиш, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар давраи баҳору тобистон ҷалб намуд.

15 – уми апрели соли 2017 Дар Кумита ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Сарвари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба фаъолияти ниҳод дар семоҳаи аввали соли равон баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, ҳамчунин ситодҳои минтақавии КҲФ ширкат карданд. 

Дар рӯзнома маъалаҳои зерин гузошта шуда буданд: ҷараёни иҷрои қарори Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, натиҷаи тафтишоти фаъолияти роҳбарони Ситодҳои вилоятӣ ва минтақавии КҲФ, таҳлил ва чораҳо оид бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар давраи ҳисоботӣ, ҳамчунин арзёбии натиҷаи кори воҳидҳои наҷоти КҲФ оид ба бартарф сохтан ва пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои фавқулодда. 

Аз рӯи масъалаи аввал сардори Раёсати фаврии Кумита, полковник Хуршед Гадоев баромад кард. Вай қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи Нақшаи тасдиқшуда оид ба ҷамъбасти коллегия гуруҳи корӣ созмон дода шуда буд, ки ба ҷойҳо рафта фаъолияти сарварони Ситодҳои вилоятӣ ва минтақавиро бо ҳама ҷузъиёташ омӯхт.   

Баъдан ҳисоботи сарварони Ситодҳо шунида шуданд.

Аз рӯйи масъалаҳои дуюм ва сеюм ҳисоботи сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, полковник Ҷамшед Камолов ва сардори Маркази наҷот, полковник Олег Пилкевич шунида шуданд. 

Зикр шуд, ки дар натиҷаи резиши бесобиқаи барф дар қаларави кишвар 720 ҳодисаи лағзиши тарма, ҳамчунин бар асари боришҳои шадиди аввали баҳор омадани сел, лағзиши замин ва резиши санг ба қайд гирифта шуд. 

Ҳамчунин дар ҳисобот гуфта шуд, ки бо мақсади тарҳрезӣ, ташкил ва роҳандозии чорабиниҳои интиқоли одамон дар ҳолатҳои фавқулодда постгоҳҳо ва ситодҳои шабонарӯзӣ таъсис шуданд.

Ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои Кумита оид ба иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 шунида шуд, Нақшаи чорабиниҳои асосии КҲФ барарсӣ гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чандин камбудиҳои ҷиддӣ дар ташкили тафтишҳо, баргузории чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва камбудиҳо дар қисмҳои ҳарбии Кумита ишора кард.  Вай таваҷҷуҳи роҳбарони воҳидҳои Кумитаро ба омодагии саривақтӣ ва касбӣ ба вокуниш ба лағзиши эҳтимолии тарма, омадани сел, сангрезиш, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар давраи баҳору тобистон ҷалб намуд. 

Роҳбари идораи наҷот дастур дод, ки гуруҳҳои вижа оид ба омӯзиши минтақаҳои хатарнок ташкил карда шавад, масъалаи захираҳои мавҷуда ва иловагӣ барарсӣ шавад, миёни аҳолӣ омӯзишҳои ғайринавбатӣ мудофиаи гражданӣ гузаронида шавад, бори дигар системаи огоҳсозии бармаҳал, омодагӣ ба мавсими оббозӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорати санадҳои имзошудаи байналмилалӣ мавриди барарсӣ қарор гирад. 

Раиси Кумита диққати асосиро ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо аз ҷониби ҳайати шахсӣ, таҳими интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавиашон ҷалб намуд.

Дар хотима масъалаҳои дигаре низ баррасӣ шуданд, ки ба ҳалли онҳо бояд дар нимсолаи аввал таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад.