Баррасии тарҳҳои муштараки нави ҳамкорӣ миёни КҲФ ва горди миллии Иёлоти Вирҷонияи ИМА

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ мекунад.
15-уми марти соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати ИМА бо сарварии сардори ситодҳои муштараки Горди миллии Иёлоти Вирҷония, генерал Пол Гриффин баргузор шуд. Ин вохӯрӣ дар чаҳорчӯби барномаи шарикии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Горди миллии Иёлоти номбурдаи Амрико сурат гирифт. 
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ, татбиқи тарҳҳои муштараки нав миёни КҲФ ва горди миллии Иёлоти Вирҷонияи ИМА, табодули таҷриба дар ин самт, расонидани кӯмакҳои методӣ дар роҳандозии амалиётҳои садамавиву наҷот ҳангоми офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот Сарвари КҲФ ба меҳмонон дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар маълумот дод ва қайд кард, ки ҳамкориҳои наздики ояндаи ду кишвар имкон хоҳад дод кори наҷотбахшон беҳбуд ёбад ва пурсамар гардад. “Зеро ҳадафи мо ягона аст: наҷот додани ҳаёти одамон”,-гуфт Рустам Назарзода.
Генерал Пол Гриффин ба Раиси Кумита барои истиқболи гарм ва суҳбати пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ намуд ва корҳои сомондодаи ниҳодро дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки Тоҷикистон зимистони соли ҷорӣ ба он рӯ ба рӯ шуда буд, баланд арзёбӣ кард. Вай ҳамчунин гуфт, ки баргузории ин гуна дидору мулоқотҳо дар густариши ҳамкориҳо миёни давлатҳо нақши муҳим доранд.
«Ҳукумати ИМА дар ояндаи низ Тоҷикистонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ мекунад”,- гуфт ҷаноби Гриффин.