Устодони британиёӣ кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро омӯзиш медиҳанд

Аввалин дарсҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон бо ширкати устодони британиёии вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулодда дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуданд.
Бо мақсади ҳамкориҳо дар масъалаҳои ташкил ва баргузории корҳои садамавӣ ва наҷот, ҳамчунин такмили ихтисос, бозомӯзии наҷотдиҳандагон ва мутахассисон оид ба корҳои садамавиву наҷот дар Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда давраҳои омӯзишӣ барои кормандони Кумита оғоз шуданд.  
гуфтанист, ки ин давраҳои омӯзишӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Шуъбаи Ташкилоти Оқохон оид ба Рушд – Кӯмаки башардӯстона (ФОКУС) роҳандозӣ шудааст.
Омӯзишҳо аз ҷониби мутахассисони офатҳои табиӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани кӯмак, пуштибонӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ва техногенӣ ва баъди он аз Британияи Кабир гузаронида мешаванд. 
Шунавандагони ин давраҳои омӯзишӣ ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ зери назари устодони соҳибтаҷриба дарсҳо меомӯзанд.
Маврид ба ёдоварист, ки дарсҳо дар низоми интерактивӣ мегузаранд.