Бузургтарин тармаҳои олам

Лағзиши тарма дар манотиқи куҳистони Тоҷикистон ҳамарӯза хабарҳои нохӯш меорад. Гоҳе аз ғарами барфи рехта аз нишебиҳо роҳҳо баста мешаванд, гоҳе мошинҳо бо одамонашон зери барф мемонанд ва гоҳи дигар одамон, раҳгузарон қурбон мешаванд. Ахиран лағзиши тарма дар Сангвор ҷони як писарбачаи нобилғро гирифт.
Аммо тарма чун офати пурхатар танҳо хоси иқлими Тоҷикистон нест, балки ҳама манотиқи куҳии олам ба ин хатар рӯ ба рӯ мешаванд ва таърихи чанд даҳсолаи охир пурхатартарин тармаҳоро медонад, ки қурбониёнаш хеле зиёданд, харобиҳояш ҷуброннопазиранд. Чанде аз ин ҳодисаҳоро ба ёд меорем.

Тарма аз ҷумлаи хатарноктарин ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ аст, аммо мушоҳидон мегӯянд як зуҳуроти аҷоиб ва то ҳадде зебову диданӣ низ ҳаст. Албатта, агар инсон онро аз дур мушоҳида кунад ва зери таҳдид хатар қарор нагирифта бошд. Замоне метавон онро зебо гуфт, ки харобиовар набошад. Мутаассифона, дар аксар мавридҳо ин рӯйдод харобиҳое ба дунбол дорад ва ҳатто одамонро ҳам мекушад.

Бузургтарин лағзиши тарма дар даҳсолаи дуввуми қарни нав соли 2012 дар Иёолоти Вашингтони ИМА ба қайд гирифта шудааст. Дар бораи ин рӯйдод хеле зиёд навиштаанд ва ҷузъиёти онро ҳам таҳлил кардаанд.

Ҳодиса чӣ гуна рух дод?

Баъди резиши бесобиқаи барф дар куҳҳои Каскад тармаи харобиовар фаромад ва ин рӯйдоди мудҳиш дар наздикии минтақаи лижаронии истироҳатгоҳи Stevens Pass рух дод. Маъмулан дар чунин ҳолатҳо ягона садди роҳ барои харобиҳои зиёд ҷангалзор мешавад, вале тирамоҳи соле пеш ин ҷалгалзор ҳам бар асари сӯхтор нобуд шуда буд. Ин буд, ки пеши роҳи тармаи нерӯмандро  чизи дигаре нагирифт. Дар истгоҳи Веллингтон муддати 9 рӯз ҳаракати қаторро аз сабаби барфи шадид ва тарма нигоҳ доштанд.

28-уми феврал резиши барф қатъ шуд ва ҷойи онро борони реза ва вазиши бод гирифт рӯзи дигар аз нишебии куҳ барфтӯдаи азиме канда шуд ва ба поён ҳаракат кард.  Баландии он 8 метр ва дарозиаш тахминан 600 метр буд. Тарма ҳар чизе сари роҳ буд, руфт, танҳо кадом муҷизае меҳмонсарои ин истироҳатгоҳро наҷот дод, тарма аз бари он гузашт ва ба меҳмонхона зарар нарасонд. Аммо он ба қатор бархӯрд ва ду локомотивро ба дара тела дод. Сокинони меҳмонхона бо белу каланд ба наҷоти одамон шитофтанд, барояшон муяссар шуд, ки 22 нафарро наҷот диҳанд, аммо 96 мусофири қатор дар ин ҳодиса ҷон бохтанд.

Тибқи оморҳои расонаишуда дар қаламрави ИМА ҳамасола то 100 ҳазор ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта мешавад ва ин дар ин кишвар ба як ҳодисаи маъмул табдил ёфтааст. Як макони хатарноки тармахез шаҳри Юнона мебошад, ки дар Аляска ҷойгир аст. Ин шаҳр дар наздикии 7 нишебии хатарзо ҷойгир аст. Баъзан ин минтақа то ҳадде беташвишу бехатар ба назар мерасад. Аммо баъзан ин оромӣ хомӯшии пеш аз тӯфонро мемонад. Соли 1962 лағзиши шадидтарини тарма ба қайд гиирифта шуда буд, ки бештар аз 35 хонаи сари роҳашро пахш кард ва сокинонашро кушт.

Бузургтарин тармаи олам чӣ хатар дорад?

Хатар он аст, ки аз баландии куҳ ва ё нишемангоҳҳо барфтӯдаи азим канда мешавад ва сари роҳ ҳар чизе ҳаст мерӯбад, ҷони одамонро ба хатар меандозад. Бештар куҳнавардон зери хатар қарор мегиранд ва баъд лижаронҳо, ки бехабар аз хатари эҳтимолӣ дар маконҳои мушаххас саргарми бозиву лижаронӣ мешаванд. Хатар аз он бузург аст, ки ногаҳонӣ меояд ва инсонҳо хеле кам метавонанд огоҳона ҷони худро наҷот диҳанд.

Хатари тармаҳои бузурги олам боз дар он аст, ки онҳо ҳаҷман ҳам хеле бузурганд ва вазни онҳо бештар аз садҳо тонна аст. Касоне, ки зери тарма мемонанд, дар аксар ҳолатҳо бо устухонҳои шикаста берун кашида мешаванд. Афрод бештар аз даҳшати ҳодиса ба зудӣ ҷон медиҳанд. Барф метавонад даҳону бинии одами зери тармамондаро пур кунад, аз нарасидани оксиген ва дамтоз шуда, шахсони зери тарма монда ба зудӣ ҳалок мешаванд. Наҷотдиҳандагон дар чунин ҳолатҳо садоеро намешунаванд ва ба имдод намерасанд. Зеро барфи мулоим садоро хеле заъиф ба берун медиҳад.

Чаро аз куҳҳо тарма мефарояд?

Ин суолест мантиқӣ. Дар ҳақиқат, чӣ сабаб мешавад, ки аз куҳҳо тарма мелағжад ва ҷони инсонҳоро ба хатар меандозад?
Барф дар куҳҳо ба шарофати неӯи соиш худро нигоҳ медорад. Ин нишондиҳанда аз омилҳои зиёде вобаста мебошад. Масалан, аз партгоҳҳову ҷариҳо ва нишебиҳо, аз тарии барф ва ғайра. Агар нерӯи соиш аз неруи фишори барф кам шавад, пас тарма ба вуҷуд меояд. Лағзиши барф дар аксар мавридҳо бо сабабҳои иқлим ба вуҷуд меояд. Ҳангоми якбора тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ва таъсироти механикӣ (сангрезиш, заминларза) дар куҳҳо барф мелағжад ва дар шакли тармаи ҳалокатовар поён меравад. Баъзан як такони ночизе ҳам кифоя аст, ки тарма ба вуҷуд ояд. Тармае, ки ҳаддақал 5 метри кубӣ ҳаҷм дорад, барои ҳаёти одамон хатарнок дониста мешавад.

Инсоне, ки зери тарма монд, чӣ бояд кунад?

  • Бояд дар навбати аввал аз борхалта, дстчӯбҳои лижа ва дигар ашёи дасти худ худро озод кунад.
  • Талош намояд, ки худро бештар дар боло нигоҳ дорад, яъне кушиш кунад зери барф намонад. Дар ҳоли зери ғарами барф мондан, талош кунад, ки худро аз он ба берун кашад. Мутахассисон дар чунин ҳолатҳо тавсия медиҳанд ки ҳаракатҳои шиноварӣ анҷом диҳад.
  • Вақте тарма дар ҷойе қарор мегирад, зарур аст барои худ муҳити нафасгирӣ созад. Барои он ки таваҷҷуҳи наҷотдиҳандагонро ба худ кашад, пас дасташро боло бардорад. Агар одам дар жарфо қарор дорад, пас талош кунад оксигенро сарфакорона истифода барад, фаъолнокии ҳаракаташро маҳдуд созад.
  • Танҳо замоне баланд садо задан имкон дорад, ки хатари ба узвҳои нафаскашӣ афтидани барф таҳдид намекунад.

Ва боз ҳам дар бораи харобиовартарин тармаҳои олам

Тарма қариб дар ҳама манотиқи куҳии олам ба вуҷуд меояд ва аз он ҷойи гурез нест. Дар фасли зимистон маҳз тармаро офати табии пурхатар меноманд.
Дар рӯйхати тармаҳои харобиовари олам рӯйдоди соли 1999 дар Австрияро меоранд. Он аз харитаи олам ба пуррагӣ шаҳраки Галтурро бардошт, нишоне аз бинои обод дар ин шаҳрак намонд. Бар асраи он 30 нафар ҷон доданд.
Аввали баҳори соли 2012 як силсила тарма дар манотиқи куҳии Афғонистон рух дод. Бар асари он бештар аз 100 нафар кушта шуданд ва теъдоди аз ин зиёд захм бардоштанд.
Дар Колумбиёи Британияи Кабир лағзиши тарма хеле зуд-зуд рух медиҳад. Аммо мегӯянд бузургтарин тарма  соли 1965 дар зебоманзартарин куҳистони олам – Кордилйер омад ва 26 нафарро кушт, 22 нафар вазнинтарин ҷароҳат бардоштанд. Бештар аз 40 нафари дигарро аз зери барфтӯдаҳо пайдо крада натавонистанд.