Ҳалокати се корманди IRS дар зери тарма

Хабаргузории давлатии “Ховар” истинодан ба дафтари матбуотии Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз”  аз ҳалокати чанд корманди зери тармамондаи ин ширкат хабар дод.
Бино ба иттилоъи манбаъ нимаи дуюми рӯзи 18 феврали соли равон дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, ӽафт нафар кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бедарак шуданд.
Субӽи дирўз аз ашхоси бедаракшуда се нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуда, шоми ҳамин рӯз нафари дигар наҷот ёфт. Мутаассифона, чанд лаӽза пеш ҷасади 3 нафар бедаракшудаи дигар аз ҷониби кормандони филиали Ширкат ёфт гардиданд.  
Ҳамчуноне Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд то 20-уми феврали соли 2017 дар навоҳии ВМКБ, куҳҳои водии Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб хавфти лағзиши тарма ҳифз мешавад ва сафар дар ин роҳову минтақаҳо хатарнок аст.
Бар асари лағзиши бештар аз 80 тарма дар ин рӯзҳо 75 мошини боркаш ва сабукрав дар роҳи Душанбе-Айнӣ дар муҳосира монданд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин минтақа қатъ шудааст.
Барои ташкили корҳои интиқоли мошинҳо ва одамон ба манотиқи амн Ситодҳои муштараки байниидоравӣ дар километрҳои 48 ва 72 роҳи Душанбе-Айнӣ созмон дода шуда буд, ки ба он муовини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сарварӣ мекунанд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот аз 17 то 20-уми феврал 78 мусофир ва ронандагони мошинҳои дармонда ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд.