Таваҷуҳ: Хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст!

Резиши санг ва лағзиши тарма ҳаракати мошинҳоро дар баъзе қисматҳои кишвар қатъ кардааст.
Хатари лағзиши тарма бар асари боришҳои рӯзҳои охир боқӣ мондааст. Бахусус ин хатар дар роҳҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе–Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим бештар аз пештар эҳсос мешавад.
Чунончӣ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, ва Ишкошими ВМКБ, Лахш ва Ҷиргатол, аз километри 54 то 72-и роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд резиши санг ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин роҳҳо қатъ шудаанд.
Барои тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳи вазорати нақлиёт ва ширкати Innovative Road Solutions (IRS) техникаи махсуси худро равона кардаанд ва ин лаҳзаҳо корҳои бозкушоии роҳҳои масдудшуда ва тоза кардани онҳо аз барфу сангу тарма идома дорад. Ситоди бартарафсозии ҳолатҳои фавққулодда шабонабарӯз фаъолият мекунад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафар бо роҳҳои тармахез ва хавфнок муваққатан худдорӣ кунанд.

Хатари лағзиши тарма ҳамоно таҳдид мекунад!