Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои интихоби довталабон ба таҳсил дар Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Русия озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби довталабон барои дохил шудан ба Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар солҳои таҳсили 2017-2018 озмун эълон мекунад. Дар озмун танҳо ҷавонмардони аз 17 то 24-сола метавонанд ширкат кунанд.
Таҳсил самти “Амнияти техникӣ” (омодагии “Ҳимоят дар ҳолатҳои фавқулодда”)-ро дар бар хоҳад гирифт. 
Дохилшудагон ба Академия дар давраи таҳсил дар вазифаи курсант хоҳанд буд.
Довталабон аз таърихи Русия (шифоҳӣ) ва забони русӣ (хаттӣ) имтиҳон хоҳанд супурд.
Муҳлати таҳсил 4 сол буда, хатмкунандагон соҳиби унвони “Бакалавр” мешаванд. Таҳсил рӯзона ва пулакист.
Хоҳишмандони ширкат дар озмун метавонанд аризаи худро ба Раёсати кадрҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда то охири моҳи марти соли 2017 супоранд.
Ҳуҷҷатҳо бо суроғаи зерин қабул карда мешаванд:  734013, ш. Душанбе, кӯчаи ба номи Лоҳутӣ, 26, Раёсати кадрҳои КҲФ.
Телефон барои маълумот: (+992 37) 227-71-81,  Факс: 221-91-19

барчасп: