Заминларза бо қувваи аз 3 то 2 балл ВМКБ ва шаҳри Душанберо ларзонд

Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон мегӯяд заминларзаи рӯзи гузашта хисорат ва талафоти ҷонӣ надошт.
Тибқи иттилои  Маркази  зилзиласанҷии кишвар  соати 12:50 дақиқаи рӯзи 15 – уми феврали соли  равон  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 352 километри ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ВМКБ воқеъ буд.
Бино ба хабари манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 3 баллро ташкил медод, дар шаҳри Душанбе бошад он ба 2 балл баробар буд.
Ин заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт.