Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари лағзиши тарма дар куҳҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обвуҳасанҷии Тоҷикистон аз 15-ум то 18-уми феврали соли ҷорӣ боридани барфу борони шадид ва дар ноҳияҳои куҳии кишвар рехтани барфи тар интизор меравад.
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рушон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва дар минтақаҳое ғарами барф ва хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.   
Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз аҳолӣ бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад то ҳадди имкон аз сафарҳо ба манотиқи хатарноки тармахезу яхӣ худдорӣ кунанд, муваққатан ба ҷамъоварии ҳезум ва шикор ҳам нараванд.
Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳову маҳалҳои куҳӣ ва ё маконҳои тармахез ҷиддан масофаи таъиншуда миёни мошинҳои дар ҳоли ҳаракатро риоя намоянд. 

Дар роҳҳо бо таваҷҷуҳ ва хеле оҳиста бошед.