Тарма хатари ҳаракат дар роҳҳои куҳиро бештар кард

Кормандони наҷоти кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  ронанда ва мусофири “Дулан”-и зери тарма мондаро наҷот доданд.
22-уми январи соли 2017 дар рустои Тагоби ҷамоати Тагоби ноҳияи Рашт бар асари лағжиши тарма хоҷагии ёрирасони сокини ин мавзеъ Тоҷиддин Зиёев зарар дид. Ҳодиса қурбонӣ надорад.
Ҳамчунин дар ҷараёни лағжиши тарма муваққатан ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Навобод-Сангвор масдуд шуд.
Дар 6 қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд низ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. То соати 10:00 рӯзи 23-уми январи соли равон роҳҳо пурра тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.
Бар асари фаромадани тарма дар километри 71-72 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд мошини тамғаи “Дулан” зери тарма монд ва бо талоши кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ронанда ва мусофири он аз мошин берун оварда шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки аз ҳаракат ба самтҳои мазкур то ба эътидол омадани обу ҳаво худдорӣ кунанд, ҳамчунин чораҳои бехатариро ҳангоми ҳаракат дар шароити зимистон риоя намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода буд, ки аз 22 то 25-уми январи соли равон дар ноҳияҳои куҳӣ барфи шадид дар назар аст ва дар натиҷа хатари фаромадани тарма  дар роҳҳо, туман ва яхбандиҳо бештар мешавад.