Боздиди гуруҳи машваратии Бонки ҷаҳонӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади арзёбии иқтидор ва талаботи лоиҳаи “Идораи хатарҳои офатҳои табиии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” имрӯз, 18-уми январ мулоқоти Савари Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо гуруҳи машваратии Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии роҳбари ширкати машваратии «Asian Disaster Preparedness Center (ADPC)» ҷаноби Аслам Первайз баргузор шуд.

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷаноби Первайз барои ҳамкориҳояш изҳори миннатдорӣ намуд ва ба мавҷудияти имкониятҳои васеъ барои рушди иртиботҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти идораи ҳолатҳои фавқулодда таъкид кард. Вай ба меҳмонон дар бораи вазифаҳои Кумита ва системаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл кард.

Дар мулоқот механизмҳои смаровари татбиқи лоиҳа баррасӣ шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои бунёди марказҳои идораи ҳолаҳои буҳронӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ мавриди суҳбат қарор гирифтанд. Ҷонибҳо масоили таҳкими зарфиятҳои кадрӣ, марказҳои омӯзишӣ, рушди минбаъдаи маркази иттилоотӣ-таҳлилии КҲФ, ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони воҳидҳои наҷоти Кумитаро баррасӣ карданд.   

Аз ҷониби худ ҷаноби Аслам Первайз қайд намуд, ки баргузории ин гуна вохӯриҳо ба татбиқи саривақтӣ ва самаровари тарҳҳои муштарак мусоидат мекунанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки зарфи 10 моҳи оянда гуруҳ корро сари ин лоиҳа ба анҷом хоҳад расонд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда изҳор доштанд.