Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардии ҳаво ҳушдор медиҳад!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 25-уми январи соли 2017 дар қаламрави кишвар ҳарорати ҳаво поён рафта, борони ба барфи тар гузаранда дар назар аст. Дар чунин ҳолатҳо часпиши барфи тар ба симҳои интиқоли барқ ва дарахтон пешбинӣ мешавад. Дар роҳҳи куҳӣ пайдо шудани ғарами барф ва яхбандиҳои шадид интизор меравад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад, ки аз шамоли сард ва барфи тар эҳтимол меравад хатҳои интиқоли барқ осеб бинанд, дар маҳалҳое ва ҷойҳое аз вазнинии барф афтиши дарахтон низ эҳтимол дорад.   

Аз ин рӯ КҲФ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро дар бораи зарурати андешидани таҳкими чораҳои бехатарии шахсӣ огоҳ мекунад.

Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро бо роҳҳои куҳӣ маҳдуд кунанд, аз анҷоми корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар манотиқи куҳӣ худдорӣ намоянд.

Бинобар сабаби паст шудани ҳарорати ҳаво дар бомҳои хонаҳо эҳтимоли ба вуҷуд омадани шушаҳо вуҷуд дорад. Барои ин ки қурбонии шушаҳои овезони ях нашаванд, қоидаҳои бехатариро бояд ҳатман риоя намоянд. 

Соҳибони мошинҳои шахсиро даъват мекунем аз онҳо бе зарурат истифода накунанд. 

Кӯдакон ва солмандон ба назорати махсус ниёз доранд ва онҳо набояд бе таваҷҷуҳ монда шаванд. Ҳамчунин зарур аст қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторро қатъиян риоя кунанд, ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳанда хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошанд. Бегоҳиҳо ва шабонгаҳон бе зарурат ба кӯча набароянд. 

Роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳоро лозим меояд ҳама чораҳоро андешанд, то аз ҳолатҳои фавқулодда пешгирӣ намоянд.