Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи FAO ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барарсӣ шуданд

11-уми январи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) бо сарварии намояндаи ин созмон ҷаноби Виорел Гутсу баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ, ҳифзи киштзорҳо аз жола дар қаламрави кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   

Дар доираи масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо масоили таъминоти моддиву техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзии кормандон, ҳамчунин табодули таҷрибаи кор дар ин самтро муҳокима карданд. 
Дар поёни мулоқот Сарвари Кумита ба ҷаноби Гутсу барои суҳбати пурмуҳтаво миннатдорӣ намуд ва изҳори умед кард, ки ин гуна дидору мулоқот оянда низ мунтазам гузаронида мешаванд ва иртиботҳо миёни FAO ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро таҳким мебахшанд.