Рустам Назарзода ва Ноел Ҳил Тедди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Рустам Назарзода, Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хост тарҳи бунёди марказҳои доимамалкунандаи  расонидани кӯмак барои аҳолии зарардида ҳангоми офатҳои табии гуногун дар минтақаҳои кишварро пуштибонӣ кунад.
Имрӯз бо ташаббуси Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари ин ниҳод байналмилалӣ Ноел Ҳил Тедди баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамакориҳо, фаъолиятҳо ва дурнамои лоиҳаҳои муштараки расонидани кӯмак ба аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, рушди механизмҳои нави баланд бардоштани самаранокии системаи вокунишҳои гуманитарӣ маврид баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ғайр аз ин тарҳҳои хоса оид ба минтақаҳои мушаххасе, ки таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро тақозо мекунанд, низ баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод кард, ки лоиҳа оид ба бунёди марказҳои доимамалкунандаи  расонидани кӯмак барои аҳолии зарардида ҳангоми офатҳои табии гуногун дар минтақаҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирад.
Дар навбати худ ҷаноби Ноел бо изҳори миннатдорӣ аз қабули гарм ташаббуси Кумитаро дастгирӣ кард, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки аввалин ҷаласа бо дигар созмонҳои байналмилалӣ таҳти раёсати КҲФ барои баррасии лоиҳаи мазкур ва тарҳрезии ҳамкориҳои минбаъда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шавад.
Дар хотима ҷонибҳо изҳор доштанд, ки мулоқоти имрӯза барои густариши ҳамкориҳои ба ҷонибҳо имкониятҳо судманд фароҳам хоҳад овард.