Ҳалокати ронанда ва мусофири дигар дар “Ҳендай-Соната”-и сарозершуда дар Панҷ

Дар 348-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ  мошини тамғаи “Ҳендай-Соната”, ки аз ҷониби сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ идора мешуд, аз баландии 35 метр ба дарёи Панҷ сарозер шуд. 
Ҳангоми ҳодиса ҳамроҳ бо ронанда дар мошин боз сокини 47-солаи ноҳяи Шуғнон низ менишаст.
Барои баргузории чораҳои ҷустуҷӯиву наҷот аз ҷумлаи кормандони Маркази наҷот ва наҷотбахшони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ гуруҳи фаврӣ созмон дода шуд.  
Дар натиҷаи роҳандозии амалиётҳои ғаввосӣ дар дарёи Панҷ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз мошин ва мусофири он пайдо шуд. Онро аз чуқурии даҳҳо метр боло кашиданд ва ба соҳил расониданд. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ҳамоно идома дорад.
Ронандагони муҳтарам, дар роҳҳои мошингард дар ин фасли зимистон хеле эҳтиёткор ва бодиққат бошед.
Фаромӯш накунед, ки саломатӣ ва ҳаёти инсонҳои дигар аз шумо вобаста аст!

барчасп: